Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифини тоҷик дар хориҷ бо нашри паёме пирӯзии ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ё Гран-Прии Душанбе табрик гуфт.
ПМТ бо баёни ин ки “миёни варзишгарони тоҷик истеъдодҳои аз ин ҳам бештар вуҷуд дорад ва барномарезиву сармоягузории дуруст ва одилона метавонад қаҳрамонҳои аз ин бештарро ҳам дар ҷудо ва ҳам дар дигар навъи варзишҳо насиби кишвари мо кунад” изҳор дошта, ки “Дар ин рӯзҳои душвор барои мардуми муҳоҷир ин қаҳрамонӣ метавонад заррае ҳам бошад аз ранҷи онҳо бикоҳад ва мардуми моро хушҳол ва ба ояндаи нек умедвор созад.”
Гуфтанист, тими ҷудои Тоҷикистон дар Гран Прии Душанбе оид ба ҷудо бо 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд.
Матни пурраи паёми табрикотии ПМТ ба муносибати қаҳрамонии тими ҷудои Тоҷикистон ба шарҳи зер аст:
Паймони Миллии Тоҷикистон аз сазовори ҷои аввал гардидани тими ҷудои кишвар дар мусобиқаи ГРАН-ПРИИ Душанбе изҳори хушҳолӣ ва ифтихор намуда, ҳамаи ин варзишкоронро бо ин дастоварди бузург табрик мегӯяд.
Ба хусус дар ду вазн баргузории финал байни тоҷикон далели омодагӣ ва ангезаи баланди варзишгарони мо буд, ки ҷои таҳсин дорад.
ПМТ бар ин бовар аст, ки дар миёни варзашгарони тоҷик истеъдодҳои аз ин ҳам бештар вуҷуд дорад ва барномарезиву сармоягузории дуруст ва одилона метавонад қаҳрамонҳои аз ин бештарро ҳам дар ҷудо ва ҳам дар дигар навъи варзишҳо насиби кишвари мо кунад.
Дар ин рӯзҳои душвор барои мардуми муҳоҷир ин қаҳрамонӣ метавонад заррае ҳам бошад аз ранҷи онҳо бикоҳад ва мардуми моро хушҳол ва ба ояндаи нек умедвор созад. Бинобарин бори дигар ба варзишгарони медоловар офарин ва ба мардуми кишвар табрик мегӯем.
Паймони Миллии Тоҷикистон
05.06 2023