«Вагнер»иддао кард Баҳмутро муҳосира кардааст
Раҳбар Гурӯҳи “Вагнер” Русия гуфтааст неруҳояш пас аз як даргирии сангину хунин тавонистаанд контроли 80 дарсад аз шаҳри вайроншудаи Баҳмут дар шарқ Укроинро дар ихтиёр бигирад.
Мақомоти укроинӣ мустақиман ба ин иддаоҳо посух надоданд аммо гуфтаанд, ки неруи низомии ин кишвар дар баробари ҳамалоти неруҳои русӣ истодагӣ карданд.
Гуурӯҳи Вагнер ё артиши хусусии “Вагнер” як гурӯҳи шибҳинизомӣ аст, ки ба сурати ғайримустақим бо ҷалби довталабон, дар ҷангҳои ниёбатӣ бо артиши Русия мушорикат мекунад.
Дар чанд моҳи гузашта ҷангандаҳои ин гурӯҳ раҳбарии ҳамалот ба шаҳри Баҳмутро ба ӯҳда доштанд. Даргириҳо дар ин шаҳр ба далели набарди сангар ба сангар, ҳамлаҳои давомдори тӯпхонаӣ ва талафот болое, ки ба ду тараф ворид шудааст, бо ҷанг ҷаҳонии аввал муқоиса мешавад.
Евгений Пригожин, раҳбари гурӯҳи Вагнер ба тозагӣ муддаӣ шудааст неруҳояш, ки нақши муҳимме дар пешравиҳои Русия дар шарқи Укроин доштаанд, шаҳр Баҳмутро муҳосира кардаанд.
Ӯ дар видеое, ки тавассути як блогери низомии рус мунташир шудааст гуфт: “беш аз 80 дарсади Баҳмут аз ҷумла марказҳои идорӣ, корхонаҳо ва анборҳо таҳти контроли мо аст”.
Дар ҳамин ҳол Сергей Чреватий, сухангӯи фармондеҳии низомии шарқи Укроин, мегӯяд, ки авзоъ дар Баҳмут таҳти контрол аст ва Киев иҷоза нахоҳад дод, ки неруҳояш муҳосира шаванд.
Анна Маляр, муовини вазири дифоъи Укроин низ гуфтааст, ки неруҳои рус “ба таври куллӣ дар набардҳои хиёбонӣ аз мо шикаст хӯрданд, ба ҳамин хотир онҳо тамоми сохтмонҳо ва биноҳои ин шаҳрро тахриб карданд.”
Кмев мегӯяд барои шикасти Русия ба силоҳи бештар ва ҳамчунини таслиҳоти пешрафтаи ғарбӣ ниёз дорад. Мақомоти Укроин дар талошанд то муттаҳидони худро барои ирсоли силоҳҳои бештар мутақоид кунанд.
Дар ҳамин росто, Дмитрий Кулеба, вазир умури хориҷаи Укроин рӯз гузашта дар твитте эълом кард, ки аз сӯи Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико кафолатҳое мабнӣ бар ҳимояти “оҳанин”-и Вашингтон дарёфт кардааст.
Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада низ қавл дод, ки тадорукоти ҷадиде аз ҷумла силоҳҳои таҳоҷумӣ, мусалсал ва муҳиммот барои кумак ба Укроин ирсол кунад.
Русия мегӯяд, ки тасарруфи Баҳмут имкони ҳамалот оянда дар саросари Укроинро роҳаттар мекунад, дар ҳоле, ки Киев ва Ғарб мегӯянд, ки ин шаҳр вайрон шуда ва фақат аҳамияти намодин дорад.