Рубрики Хабарҳо

Урдуғон рақобати интихоботӣ барои ҳифзи қудратро оғоз кард

Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, рақобати интихоботӣ ва талоши ҳизби ҳокими худ барои мондан дар қудратро оғоз кардааст. Ў ба думболи тамдиди раҳбарии худ дар Туркия барои беш аз 20 сол аст. 

Дар ҳамин ҳол, ӯ бо бузургтарин чолиши интихоботии худ то кунун мувоҷиҳ аст, зеро бо эътилофе аз сӯи шаш ҳизби оппозисион рӯ ба рӯ аст, ки барои интихоботи риёсатҷумҳурӣ ва парлумонӣ дар 14 май бо ҳам вориди рақобати интихоботӣ шудаанд. 

Туркия бо таварруми саросемаворе мувоҷеҳ аст, ҳамчунин аз ду зилзилаи пайиҳам, ки 50 ҳазор кушта барҷой гузошта, осеби шадиде хӯрдааст. Амалкарди Урдуғон ва ҳизбаш дар ҳар ду замина мавриди интиқоди шадиди мухолифин аст. 

Урдуғон ва ҳизби ҳоким “Адолат ва тавсеъа” мегӯянд, ки таваррумро ба зери 10 дарсад коҳиш хоҳанд дод, ваъдае, ки пештар тавассути мухолифони онҳо изҳор шудааст. 

Туркия дар даврони риёсатҷумҳури Урдуғон ба таври афзояндае иқтидоргаро шудааст ва оппозисиюн ба думболи баръакс кардани ин раванд аст. 

Ҳар номзаде, ки битавонад беш аз ниме аз раъйҳоро дар рӯзи райъгирӣ дар 14 май касб кунад, барандаи қатъӣ хоҳад буд. Дар сурати адами муваффақият, рақобат ба ду ҳафта баъд ба даври дувум хоҳад рафт. 

Ҳар ҳизбе, ки дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шавад, дар сурати рафтани интихоботи риёсатҷумҳурӣ ба даври дуввум, аз имтиёзи равонии ин бурд бархурдор хоҳад буд. 

Чолишҳои пеши рӯйи Урдуғон 

Райъдиҳандагони Туркия солҳост, ки дуқутбӣ шудаанд, аммо Урдуғони 69 сола беш аз пеш таҳти фишор аст. Бо раҳбарии Урдуғон, Туркия ба таври афзояндае иқтидоргаро шудааст. 

Урдуғон аз соли 2003, бар Туркия ҳукумат кардааст — ибтидо ба унвони нахуствазир, сипас аз соли 2014 ба унвони раисҷумҳур. Ў се сол баъдтар, пас аз кудатои нофарҷоми соли 2016, қудрати худро ба тарзи чашмгире афзоиш дод. Ҳизби Адолат ва тавсеъа аз ноябри 2002 дар қудрат будааст. 

Шуморе аз мардуми Туркия ӯро ба далели поин бурдани сатҳи баҳраи бонкӣ, муқассири афзоиши таваррум медонанд. Сатҳи таварруми расмӣ болои 50 дарсад эълом шудааст, аммо коршиносон ва мутахассисон мегӯянд, кисатҳи воқеии таваррум дар воқеъ болотар аз 100 дарсад аст. 

Раисҷумҳур ва ҳизби ҳокими Туркия ҳамчунин ба далели нотавонӣ дар танзим ва татбиқи шеваҳои стандарти сохтмон дар Туркия қабл аз вуқӯъи зилзилаҳои 6 феврал ва ба далели мудирияти нодурусти талошҳои ҷустуҷӯ ва наҷот пас аз он, мавриди интиқод қарор гирифтаанд. 

Миллионҳо нафар аз мардуми Туркия дар 11 устони зилзилазада бехонумон шудаанд. Аз он ҷое, ки бисёре аз ин устонҳо пойгоҳҳои ҳизби Урдуғон маҳсуб мешаванд, ин интихобот дар бахши шарқии Туркия метавонад натоиҷи бисёр мутафовитеро дар бурдубохти яке аз тарафайн рақам бизананд. 

Ҳизби Адолат ва тавсеъаи Урдуғон реша дар исломи сиёсӣ дорад, аммо ӯ бо ҳизби “Ҳаракати миллӣ”, ҳизби миллигарои бисёр рости ифротӣ эътилоф карда ва давлат ташкил додааст. 

Як номзади воҳид аз иътилофи шаш ҳизби оппозисиюн 

Камол Қиличдоруғлу, 74 сола, раҳбари Ҳизби ҷумҳурии халқии Туркия, ҳизби аслии оппозисиюн аст ва ба унвони як рақиби мулоим ва аҳли китоб шинохта мешавад. Албатта ӯ як саре шикастҳои интихоботиро дар раъси ҳизби худ дар корнома дорад. 

Аммо ин бор метавонад мутафовит бошад, зеро Қиличдоруғлу ба унвони як номзади воҳид барои шаш ҳизби оппозитсиюн вориди рақобати интихоботӣ хоҳад шуд. Ин шаш ҳизб шомили ҳизби чапи миёнаи Қумҳурии халқи Туркия ва ҳизби миллигарои секулёри “Хуб” (Ийи) ва чаҳор ҳизби кӯчактар аст, аз ҷумла ду муттаҳиди собиқи Урдуғон, ки яке аз онҳо аз бунёдгузорони Ҳизби Адолат ва тавсеъа будааст. 

Камол Қиличдоруғлу ҳамчунин аз ҳимояти ғайрирасмии ҳизби “Демократики халқҳо”, ҳизби тарафдори курдҳо, бархурдор аст. Бештари раҳбарони ин ҳизб акнун ба далели як парвандаи додгоҳӣ бо иддаои “иртибот бо шибҳинизомиёни курд” аз фаъолият дар сиёсат манъ шудаанд ва ин ҳизб таҳти ливои ҳизби дигаре ба номи “Сабзи чап” дар интихоботи парлумонӣ ширкат мекунад. 

Номзадии Қиличдоруғлу аз маҳбубияти омм ва ҳамагир бархурдор нест, зеро баъзеҳо шаҳрдорҳои Истамбул ва Анқараро номзадҳои муносибтаре медонанд. Шаҳрдорҳои ин ду шаҳр барои аввалин бор аз соли 1994, дар соли 2019 пирӯзиро дар интихоботи ин шаҳрҳо барои Ҳизби ҷумҳурии халқии Туркия ба даст оварданд. 

Қиличдоруғлу, ки корманди собиқи давлат ва аз ақаллиятҳои алавӣ дар Туркия аст, як роҳпаймоии 24-рӯза барои адолатро дар соли 2017 раҳбарӣ кард, ки барои солҳо ба унвони бузургтарин намоиши мухолифат бо ҳукумати Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳур, талаққӣ мешуд. 

Ҳамаи аҳзоби шарик дар “эътилофи миллат”-и Қиличдоруғлу, ки ба унвони “феҳристи шашҳизбӣ” ҳам шинохта мешавад, дар ин ҳадаф муттаҳид ҳастанд то Туркияро аз низоми раёсатҷумҳурӣ, ки дар даврони Урдуғон эҷод шуд, ба низоми таҳти раҳбарии парлумон бозгардонанд. 

Барои тағйири низом аз раёсатҷумҳурӣ ба парлумонӣ, ба онҳо лозим аст, ки 400 курсӣ аз 600 курсии парлумонро ба даст гиранд, ё ҳадди ақал 360 курсиро бигиранд то битавонанд пешниҳоди тағйири низомро ба ҳамапурсӣ бигузоранд. 

Раҳбарони панҷ узви дигари ин эътилоф мувофиқат кардаанд, ки нақши муовинати риёсатҷумҳуриро бар ӯҳда бигиранд. 

Фазои дуқутбӣ ва тақсими раъйҳо 

Назарсанҷиҳои Туркия машҳур ҳастанд ба ин, ки чандон қобили эътимод нестанд; Аммо ба назар мерасад ҳар шонсе, ки Қиличдоруғлу барои пирӯзии интихобот дар даври аввал дошт, бо тасмими Маҳрам Инҷӣ, ҳамкори собиқи ӯ дар ҳизби ҷумҳурии халқи Туркия, барои пайвастан ба рақобатҳои риёсатҷумҳурӣ аз байн рафтааст. 

Инҷӣ, 58 сола, номзади раёсатҷумҳурии ҳизби ҷумҳурии халқи Туркия дар соли 2018 буд, аммо ду сол баъдтар бо Камол Қиличдоруғлу ихтилоф пайдо кард ва ҳизби миллигарои секулёри “Мамликат”-ро дар соли 2021 таъсис кард. Ў акнун бо ин ҳизб вориди рақобати интихоботӣ шудааст, иқдоме, ки ӯро дар мизони иттиҳом барои кам кардани раъйҳои оппозитсиюн ва бозича шудан дар дасти Раҷаб Таййиб Урдуғон қарор додааст. 

Аммо ӯ ҳузури пурранге дар расонаҳои иҷтимоӣ дорад, ки барои насли ҷавон ҷаззоб аст. Ба вижа раъйдиҳандагони ҷавон таҳти таъсири ҳаракоти рақсии ӯ дар Тик-Ток қарор гирифтаанд. 

Яке дигар аз номзадҳо, ки шанси каме барои муваффақияти чашмгир дорад, Синон Авғон миллигаройи ифротӣ аст, ки ӯ ҳам аммо потенсиали тағйири замини бозӣ ва раъйро дорад. 

Раъй дар интихоботи риёсатҷумҳурӣ ва парлумонӣ чигуна аст? 

Барои вуруд ба парлумони Туркия, ки 600 курсӣ дорад, як ҳизб боястӣ битавонад 7 дарсад раъйҳоро ба даст овард ё бахши эътилофе бошад, ки ин ҳадди нисобро битавонад бигирад. Ба ҳамин далел аст, ки вуҷуди этиълофҳо дар интихоботи Туркия бисёр муҳим шудаанд; Мавзӯӣ, ки оппозитсиони шашҳизбӣ барнома барои тағйир онро ба унвони яке аз ислоҳоти пешниҳодии худ барҷаста кардааст. 

Дар Туркия низоми интихоботӣ сода аст — мардуми Туркия ба ҷойи номзадҳо ба феҳристҳои аҳзоб раъй медиҳанд. Шумори курсӣҳо мутобиқ бо раъйҳое аст, ки ҳар ҳизб ба даст меовард. 

Дар баъзе курсиҳо, оппозитсиюн мувофиқат кардаанд, ки зери парчами як ҳизб рақобат кунанд. Номзадҳои Ҳизби Сабзи чап, ки ба ҷойи Ҳизби демократики халқҳо, Ҳизби тарафдори курдҳо, рақобат мекунанд, бахше аз “Эътилофи коргар ва озодӣ” ҳастанд. 

Дар пайи ислоҳоте, ки Урдуғон дар низоми сиёсӣ анҷом дод, акнун ин раисҷумҳур аст, ки давлатро таъйин мекунад, бинобар ин нахуствазире вуҷуд надорад. Агар “эътилофи мардумӣ”-и густурдаи Урдуғон, ки бо ҳизби ҳаракати миллӣ ташкил додааст, натавонад аксарияти парлумонро ба даст овард, мумкин аст ӯ барои идомаи ҳукумат ба ҳамин шеваи кунунӣ дучори мушкил шавад. Эътилофи мардумии тарафдори Урдуғон дар ҳоли ҳозир 334 намоянда дар парлумон дорад. 

Урдуғон то кунун ду давра ба унвони раисҷумҳур хидмат кардааст, бинобар ин ба назар мерасад севумин давраи ӯ бархилофи қонуни асосии Туркия бошад. 

Аммо ҳайати интихоботии “Шӯрои олии интихоботи Туркия” ҳукм дод, ки аввалин давраи Урдуғон на аз соли 2014 балкӣ аз соли 2018 ҳисоб мешавад, соле, ки низоми ҷадиди риёсатҷумҳурӣ шурӯъ шуд ва пас аз он интихоботи парлумонӣ ва риёсатҷумҳурӣ дар як рӯз сурат мегирад. 

Сиёсатмадорони оппозитсиюн пештар аз Шӯрои олии интихоботи Туркия хоста буданд, ки монеъи номзадии Урдуғон шавад. 

Оппозитсиюн чигуна Туркияро тағйир хоҳад дод? 

“Эътилофи миллат” ба раҳбарии Камол Қиличдоруғлу қасд дорад низоми парлумонии Туркияро эҳё кунад ва ҳамчунин ихтиёроти риёсатҷумҳуриро ислоҳ кунад: ҳаққи ветои раиси кишвар дар қонунгузориро ҳазф кунад, равобити ин пост бо аҳзоби сиёсиро қатъ кунад, ва давраи ин постро ҳафт сола кунад то раиси кишвар бо интихоботи дигар таъйин шавад. 

Ин шаш ҳизб ҳамчунин мехоҳанд муҷаддадан талоши чанд даҳаҳои Туркия барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро оғоз кунанд, ва низ “эътимоди мутақобил” бо Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро пас аз солҳо дастандоз дар равобити даврони Урдуғон бозгардонанд. 

Онҳо мутааҳҳид шудаанд тайи ду сол таваррумро ба зери 10 дарсад бирасонанд ва барномарезӣ кунанд то паноҳандагони сурӣ довталабона ба хонаҳои худ баргарданд. Туркия дар ҳоли ҳозир мизбони ҳудуди 3,6 миллион овораи сурӣ аст.

ВВС

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *