Домулло Абдулҳаннон ҳам барои лайку бознашр ба зиндон рафтааст
Додгоҳи вилояти Хатлон домулло Абдуҳаннон Усмонов, рӯҳонеро, ки баъди монеъи рақсу суруд дар тӯйи бародарзодааш шудан боздошт гардида, ба 6 соли зиндон мащкум шуда буд, ба пайравӣ ба “Салафия” ва боздоштани духтараш аз таҳсил айбдор шудааст.
Варқа Зайниддин, ёвари калони Додситонии вилояти Хатлон ба ҳафтаномаи “Хатлон” гуфтааст, ки Абдуҳаннон Усмонов намозашро мисли тарафдорони “Салафия” адо мекард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубаллиғони ташкилотҳои экстремистӣ -террористиро пайваста тамошо кардаву ба онҳо “ҳамақидагӣ нишон додааст”.
Ба гуфтаи ёвари додситон домулло Абдулҳаннон “16 майи соли 2022 дар шабакаи иҷтимоӣ бо номи мустаор ба худ саҳифаи алоҳида кушода, мунтазам нашру видеонаворҳои хусусияти экстремистидоштаро дар саҳифаи интернетиаш ҷой медодааст. Абдуҳаннон Бурҳонов, ки маълумоти динӣ надорад, ин маводро ба дигар шаҳрвандон паҳн карда, бо ин роҳ ба фаъолияти ин ташкилоти мамнӯъ мусоидат намудааст».
Ба гуфтаи Варқа Зайниддин Абдуҳаннон Усмонов рӯзи 15 январи соли 2023 “аз рӯйи ақидаҳои экстремистиаш баргузории базму мусиқиро дар тўй ҳаром шуморида, асбоби садобаландкунандаи сарояндаро чаппа намуда, рафти баргузории тӯйро пурра манъ кардааст”.
Ҳамчунин додситонӣ иддао кардаа, ки домулло хилофи моддаи 41 Конститутсияи Тоҷикистон монеи таҳсили духтараш дар мактаби миёна шудааст.
Ба гуфтаи Варқа Зайниддин духтари домулло бояд дар солҳои хониши 2014-2015 ба синфи якум мерафт. Падараш ӯро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ набурда, аз таҳсил дур намудааст.
“Дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии Усмонов А. Б. ноболиғ Самиева М. аз лаҳзаи ба синни мактабӣ расидан то инҷониб ягон маротиба ба муассисаи таълимӣ нарафта, таҳсилоти умумии ҳатмӣ нагирифта, дар ягон дарс иштирок накардааст”, — афзудааст ёвари калони прокурори вилоят.
Додгоҳи Вилояти Хатлон, Абдулҳаннон Усмоновро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ, 307, иловаи 3 қисми 2, яъне “даъват ба ифротгароӣ” ва 164 (монеъ шудан ба таҳсили ҳатмӣ) гунаҳкор дониста, ӯро ба 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Абдулҳанон Маннонов дар қиболи ин иттиҳомот дар додгоҳ чи мавқеъ гирифта чӣ посух додааст маълум нест. Аз ҷараёни мурофиаи додгоҳии маълумоте ироа намешавад. Мақомоти Тоҷикистон одатан ба ин гуна мурофиъаҳо хабарнигоронро роҳ намедиҳанд.