Самариддин Қурбонов, бародари фаъоли тоҷик Илҳом Қурбонов, ки рӯзи 14 апрел боздошт шуда буд, аз Фархор ба Кӯлоб интиқол дода шудааст. Волидонаш танҳо зимни интиқол тавонистаанд ӯро бубинанд.
Дар ин бора бародараш Илҳом Қурбонов ба «Паём» иттилоъ дод ва гуфт, ки ба падару модараш то ҳанӯз имкони вохӯрӣ бо фарзандашонро надода ва онҳо танҳо зимни интиқол тавонистаанд барои лаҳзае Самариддинро бубинанд.
Ӯ қаблан ба Паём гуфта буд, ки додарашро барои фаъолиятҳои сиёсии ӯ боздошт кардаанд.
Илҳом Қурбонов дар Аврупо паноҳанда аст ва 25 март дар дар назди сафоратхонаҳои Бритониё ва Ҳолланд дар эътироз ба сафари Раҳмон ба Аврупо ширкат карда буд. Ӯ ба ин назар аст, ки мақомот мехоҳанд бо боздошти бародараш ӯ ва дигар фаъолонро тарсонанд.