Рубрики Хабарҳо

Лаҳистон ва Маҷористон воридоти ғалла аз Укроинро мутаваққиф карданд

Пас аз Лаҳистон, Маҷористон низ воридоти ғалла аз Укроинро қатъ мекунад. Ин тасмим ба далели ҳимоят аз кишоварзони дохилии ин ду кишвар гирифта шудааст. 

Маҷористон эълом карда муваққатан воридоти ғалла ва дигар маводи ғизоӣ аз Укроинро мутаваққиф мекунад. Давлати ин кишвар гуфтааст ин тасмимро ба далели ҳимоят аз тавлидкунандагони дохилӣ гирифтааст. 

Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон (Венгрия) вазъияти кунуниро барои кишоварзони маҷор хисоратбор тавсиф кардааст. Ба гуфтаи ӯ воридоти густурдаи маводи ғизоӣ ва ғалла аз Укроин боиси коҳиши қимат ва фурӯши тавлидкунандагони дохилӣ шудааст. 

Вазири кишоварзии Маҷористон низ гуфтааст таваққуфи воридоти ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Укроин бояд то поёни моҳи июн идома ёбад. Истван Нагӣ дар фейсбук навишт умедвор аст, ки то он таърих Иттиҳодияи Аврупо роҳи ҳале барои ин мушкил пайдо кунад. 

Лаҳистон пештар эълом карда буд, ки воридоти ғалла, шакар, гӯшт, меваву сабзавот, шир, тухми мурғ ва дигар мавод ғизоӣ аз Укроинро мамнуъ кардааст. Ин мамнуъият дар Маҷористон шомили ғалла, донаҳои равғанӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ мешавад. 

Орбан, нахуствазири Маҷористон ибрози умедворӣ карда, ки тағйироте дар дастуруламалҳои Иттиҳодияи Аврупо рух диҳад аз ҷумла дар боло бурдани молиёти гумрукӣ аз воридоти ғаллаи Укроин. 

Пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин, маҳсулоти кишоварзии ин кишвар дигар монанди собиқ наметавонад аз тариқи роҳҳои баҳрӣ содир шавад. Дар иваз ғаллаи Укроин аз тариқи роҳҳои заминӣ ба кишварҳои аврупоии ҳамсоя монанди Лаҳистон ва Маҷористон мунтақил мешавад то аз он ҷо ба дигар кишварҳо содир шавад. 

Аммо ин маҳсулот ағлаб дар ин кишварҳо мемонанд ва ба пур шудани анборҳо ва коҳиши шадиди қимат меанҷоманд. Ин масъала дар навбати худ ба мушкиле барои кишоварзони Лаҳистон ва Маҷористон табдил шудааст. 

Дар моҳи март бисёре аз кишварҳои Аврупои шарқӣ дар номае ба комиссияи Иттиҳодияи Аврупо шарҳ доданд, ки воридоти маҳсулоте монанди ғаллаи Укроин, донаҳои равғанӣ, тухми мурғ, мурғ ва шакар ба сатҳи бесобиқае расидааст. Ба ҳамин далел бояд барои маҳсулоти кишоварзии Укроин таърифаи воридот дар назар гирифта шавад. 

Иттиҳодияи Аврупо лағви пардохтҳои гумрукии воридоти ғаллаи Укроинро то июни 2024 тамдид кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *