Рубрики Хабарҳо

FBI аз тактики нави Эрону Чин дар саркӯби мухолифони хориҷ хабар дод. Тактики тоҷикӣ?

Идораи таҳқиқотии федероли (FBI) ИМА рӯзи чаҳоршанбе ҳушдор дод, ки Чин ва Эрон бар талошҳои худ барои сокит кардани мухолифон дар хоки Амрико ва таъсиргузорӣ бар сиёсатҳои Иёлоти муттаҳида афзудаанд. Ин идора аз тактики нави ин ду кишвар хабар дод, дар ҳоле, ки ин ба гуфтаи FBI “тактики нав” солҳост аз ҷониби режими Тоҷикистон дар Русия истифода мешавад. 

Мақомоти бахши зиддиҷосусии Идораи таҳқиқотии федерал дар як нишасти хабарӣ аз қурбониён хостанд, ки пеш биёянд ва эълом карданд, ки ин бахш раванди рӯ ба рушди ҳузури “режимҳои истибдодии хориҷӣ”-ро, ки қонунҳои Иёлоти муттаҳидаро барои террор ва тарсонидани бархе гурӯҳҳо зери по мегузоранд, пайгирӣ мекунад. 

Мақомот гуфтанд, ки давлатҳо дар бархе мавқъ аз дететивҳои хусусӣ барои назорат бар мухолифон истифода мекунанд ва чандин парвандаи муҷримона аз сӯи додситонҳои федерал дар робита бо ин мавзӯъ матраҳ шудааст. 

Яке аз мақомоти зидди ҷосусии идораи таҳқиқоти федерал гуфт: “бисёре аз инҳо, тактикҳо ва хутути ҷадиде ҳастанд, ки дар таҳқиқоти қаблӣ шоҳиди анҷоми онҳо аз сӯи Чин ва Эрон дар хоки Амрико набудаем.” 

Ӯ афзуд, ки Идораи таҳқиқоти федарал умедвор аст, ки огоҳиро дар бораи чунин равандҳое афзоиш диҳад ва ба бахши бозпурсии хусусӣ ва нозирони қонуни иёлотӣ ва маҳаллӣ ҳушдор диҳад. 

Мақомот мегӯянд, ки ҳадафи тарҳҳои саркӯби фаромиллӣ чандҷиҳатӣ аст ва дар бархе мавқеъҳо ҳадафи он таҳти таъсир қарор додани тасмимоти сиёсати Иёлоти муттаҳида аз тариқи “тактикҳои нуфузи бад” аст. 

Яке дигар аз мақомоти зидди ҷосусии идораи таҳқиқоти федерал гуфтааст: “мо воқеан шоҳиди як чархише дар тактикҳову абзорҳо ва сатҳи хатару сатҳи таҳдид будаем, ки дар чанд сол гузашта тағйир кардааст.” 

Ин нишасти хабарӣ дар шароите баргузор шуд, ки ду рӯз пеш маъмурони федерал ду тан аз сокинони Ню-Йоркро ба иттиҳоми идораи як “истгоҳи полиси махфӣ”-и чинӣ дар маҳаллаи чиниҳои Манҳетен боздошт карданд. Як созмони ҳуқуқибашарии мустақар дар Аврупо (Safeguard Defenders) мегӯяд, ки даҳҳо “истгоҳи хадамот”-и полиси Чин дар шаҳрҳои бузурги саросари ҷаҳон аз ҷумла Ню-йорк ва Лос-Анҷелес вуҷуд дорад.

Мақомоти FBI дар ҳоле ин амалкарди Чинро “тактики нав” меноманд, ки он аз сӯи режими Тоҷикистон ҳади ақал 10 соли охир дар Русия истифода мешавад. Дар шаҳрҳои бузурги Русия гурӯҳҳои пулис ва амниятии Тоҷикистон амал мекунанд, ки нуқтаҳои худро доранд ва алайҳи мухолифин, озодандешон ва мунтақидони тоҷик дар хоки Русия кор мекунанд. 

Ин гурӯҳҳо на танҳо бо тоҷикони фаъол дар хоки Русия “корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, балки онҳо боздошт ва бозпурсӣ ва ҳатто ба Тоҷикистон истирдод мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *