Рубрики Хабарҳо

Тазоҳуроти мардум алайҳи ҳокимияти судӣ дар Қирғизистон

Дар шаҳри Бишкек, назди бинои Суди олии Қирғизистон тахмин 70 нафар мардум ҷамъ шуда, алайҳи ноадолатиҳо дар мақомоти судӣ бо талаби барканор намудани шахсони нолоиқ аз ин ниҳод тазоҳурот барпо намуданд.

Тазоҳуроткунандагон дар даст навиштаҷотҳоеро баланд мекарданд, ки дар навиштаҷотҳо номи судҳое, ки аз мақом барканор шудани онҳоро талаб мекарданд, дарҷ шуда буд. Ҳамчунин онҳо бо ҳамсадоӣ талаб мекарданд, ки шахсони нолоиқ аз ин ниҳод барканор карда шаванд.

Тазоҳуроткунандагон аз назди бинои Суди олии Қирғизистон ба сӯи “Қасри сафед” ҳаракат намуда гуфтаанд, мехоҳанд рӯихати шахсони нолоиқ дар мақомоти судиро ба президенти Қирғизистон таслим кунанд.

Рита Карасартова, яке аз ташкилкунандагони ин тазоҳурот гуфтааст, дар ин рӯихат шахсоне ворид шудаанд, ки корманди мақомоти судӣ буда, бо суистифода аз мансаб васоити ахбори оммаро аз мурофиаҳои судӣ рондаанд ва мурофиаҳои ғайриодилона барпо намудаанд.

“Мо ин рӯихатро ба президент бо далелҳо таслим мекунем ва аз президент талаб мекунем, ки онҳоро аз вазифа барканор кунад. Ҳамчунин мо рӯихати кормандони Суди олии Қирғизистонро, ки фармоишҳои сиёсиро иҷро намуда, чандин фаъолони сиёсиро пушти панҷараи зиндон намудаанд, ба президент дастрас мекунем. Баъди ин мебинем, ки президент ваъдаҳои худро, ки дар Шӯрои амният ироа намуда буд, иҷро мекунад ё не.” — гуфтааст Карасартова

Маврид ба зикр аст, ки санаи 8 феврали соли ҷорӣ Сооронбой Жеенбеков, президенти Қирғизистон дар нишасти Шурои амнияти ин кишвар аз фаъолияти кормандони мақомоти судӣ изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ гуфт: “Ҳолатҳои зиёде вуҷуд доранд, ки шаҳрвандон дар муддатҳои дуру дароз ба хотири барқарор намудани адолати судӣ сарсон мешаванд. Айбдоршавандагон моҳҳо ва ҳатто сол интизори ҳукм  дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд. Аз ин сабаб на танҳо айбдоршавандагон, балки ҳамчунин оилаҳои онҳо низ азият мекашанд. Дар мӯҳлате, ки қонун муқаррар кардааст, онҳо бояд маҳкум ва ё озод  карда шаванд. Даъвоҳо бояд дар мӯҳлати муайянкардаи қонун баррасӣ шаванд. Ингуна бераҳмӣ ба мардум нобахшиданист. Дар мақомоти судӣ касоне, ки ба ин кор даст мезананд, бояд муҷозот шаванд!”

Тазоҳурот алайҳи мақомоти судӣ дар Қирғизистон дар ҳолест, ки имрӯз, 5 март, кормандони мақомоти судӣ дар ин кишвар иди касбии худро ҷашн мегиранд.

Дафтари матбуотии президенти Қирғизистон аз номи президент матни табрикотиеро нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад “Барои кишвар ҳамон ҳокимияти судие зарур аст, ки адолатро барқарор мекунад, ҳуқуқҳои конситутсионии мардум ва озодиҳои онҳоро таъмин менамояд. Ҳокимияти судӣ бояд мустақил ва адолатпарвар буда, волоияти қонунро таъмин кунад”.

Гуфтанист, ки тазоҳурот алайҳи ноадолатиҳо дар мақомоти судии Қирғизистон ва иҷрои фармоишҳои сиёсӣ аз ҷониби ин ниҳод дар ҳолест, ки дар ҷумҳурии ҳамсояи Тоҷикистон садҳо нафар фаъолони сиёсӣ аз ҷониби мақомоти судии ин кишвар бо фармоиши ҳукумати Тоҷикистон барои солҳои тулонӣ ва ҳатто ҳабси абад бидуни собит намудани ҳеҷ ҷурме пушти панҷараи зиндон шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *