Дар Тоҷикистон дар ин ҳафта қимати гази моеъ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Дар бисёре аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе ин навъи сӯзишворӣ ҳар литрашро 3,8-3,9 сомонӣ харидан мумкин аст. Ҳафтае пеш як литр гази моеъ 4,8 сомонӣ арзиш дошт.
Воридкунандагони ин навъи сӯзишворӣ коҳиши қиматро ба афзоиши қобили мулоҳизаи воридоти гази моеъ аз Русия ва Қазоқистон марбут медонанд.
Ба гуфтаи ниҳодҳои марбута, дар Тоҷикистон дастикам 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд, ки ин дар қиёс бо бензину дизел арзон будани он аст.
Масалан, нархи бензини АИ-95 8-8,2 сомонӣ, АИ-92 7,6-7,8 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 12 сомонӣ барои як литр фурӯхта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки нархи чаканаи фурӯши гази моеъ 12 декабри соли 2022 аз 5,30 то 5,40 сомонӣ буд.
Дар ҳамин ҳол вазорати энержии Узбекистон , ки дар робита ба сардии ҳаво фишори газ дар лӯлаҳои ин кишвар кам шудааст.
Мақомоти Узбекистон мегӯянд, ба ин далел тасмим гирифтаанд, ки дар навбати аввал сокинон, муассисаҳои истеҳсолкунандаи энержӣ ва иншооти дорои аҳамияти иҷтимоиро бо гази табиӣ таъмин кунанд.
Бо ин ҳадаф интиқоли газ ба бархе аз корхонаҳои бузурги саноатӣ, инчунин нуқтаҳои фурӯши газ барои воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ шудааст.