Рубрики Хабарҳо

То охири апрел Ҳинд пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳон мешавад

Созмони милали муттаҳид гуфтааст, ки Ҳинд ин ҳафта бо пеш гузаштан аз Чин ба пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳон табдил хоҳад шуд. 

Бар асоси додаҳои тоза, интизор меравад ҷамъияти Ҳинд то охири апрел ба як миллиарду 425 миллиону 775 ҳазору 850 нафар бирасад. 

Як ниҳоди дигари Созмони милал ҳафтаи қабл пешбинӣ карда буд, ки ҷамъияти Ҳинд то миёнаи соли ҷорӣ аз Чин бештар хоҳад шуд. 

Кишварҳои осиёӣ дар 70 соли гузашта беш аз як севуми ҷамъияти ҷаҳонро доштанд. 

Идораи умури иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони милал дар баёнияе гуфтааси: “Чин ба зудӣ мавқеъи деринаи худ ба унвони пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳонро аз даст хоҳад дод.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *