Рубрики Хабарҳо

Додситонӣ изҳороташро баргардонд: бо эълони боздошти як сарҳангёр

Додситонии кулли Тоҷикистон изҳороти вокунишиаш ба навори латукӯби сарбозонро ба сойти расмиаш баргардонд. Бо такрори иттилоъи қаблӣ, ин ниҳод аз боздошти як сарҳангёри қисми низомии 0215 Нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумхурии Тоҷикистон низ хабар додааст.

Тибқи хабари додситонӣ, 25 апрел “нисбати сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ, подполковник Лазуриев Нузхат Хиззатович бо дастрасии моддаи 391 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда низ ба ҳабс гирифта шуд”.

Дар ҳоле, ки додситонӣ изҳороти қаблиашро дирӯз аз сомонааш ҳазф карта буд, ба он ишора мекунад ва менависад “тавре иттилоъ дода шуда буд, 15 декабри соли 2022 хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумхурии Тоҷикистон сержант Қосимзода Ҷ.А. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ — қаториҳо Азимов Ф.Б., Камолов А.Ш., Нозимов М.Б. ва Сайфуллоев Ҳ.Ҳ. қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров М.С., қаториҳо Чориев Б.Т., Каримзода З.Р., Амиров Н.Ф. ва Мусоев А.Т.-ро мавриди лату кӯб қарор доданд”.

Ба навиштаи манбаъ сарбозони ҷинояткор 24 апрел ва сарҳангёр 25 апрел бо оғози парванда тибқи моддаи 373 қисми 2 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гашта, ба ҳабс гирифта шуданд.Навори латукӯби сарбозон вокуниши густарда ва тунде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард ва се рӯзи охир ба сербинандатарин хабар табдил шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Темур Варқӣ, намояндаи расмии Паймони миллии Тоҷикистон, ки навор аз ҷониби худи мақомот барои канор бурдани таваҷҷуҳи ҷомеъа аз ду мавзӯъи дигар — хариди ҳавопаймо барои Эмомалӣ Раҳмон ва шармандагии намояндаоги ҳукумат дар нишасти Вена нашр ва тарғиб мешавад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *