Укроин ба думболи “бозсозии комил”-и шаш шаҳре аст, ки дар ҳамлаи Русия ба шиддат осеб дидаанд. Шарикони ғарбии Киев дар ҳоли омода шудан барои сармоягузории миллиардҳодолларӣ дар Укроин барои кумак ба бозсозии шаҳрҳои осебдидаи ин кишвар пас аз 14 моҳи ҷанг ҳастанд, ҷанге, ки ҳамчунон идома дорад.
Денис Шмигал, нахуствазири Укроин гуфт, ки шаҳрҳои Бурденко ва Мотшун дар наздикии пойтахт, Яготин дар шимол, Трясти ва Тсиркони дар шарк ва Посадо-Покровское дар ҷануби ин кишвар таҳти як барномаи озмоишӣ “ба таври куллӣ ва бар асоси усули ҷадид” бозсозӣ хоҳанд шуд.
Ӯ дар ҷаласаи давлат гуфт: “хонаҳо ва сохтмонҳои хоссе бозсозӣ намешаванд, балки ҳама чиз бо рӯйкарди системӣ, барномарезии нав ва таҳаввули комил бозсозӣ хоҳанд шуд.” Ӯ гуфт, ки ҳар шаш шаҳри мутаҳаммили “вайрониҳои ваҳшатнок” шудаанд.
Шмигал гуфт, ки ин проект бахше аз як тарҳи густурдатар барои тасреъи бозсозӣ аст, ҳатто агар ҷанг тамом нашуда бошад.
Интизор меравад нерӯҳои укроинӣ дар ҳафтаҳои оянда як зиддиҳамла барои бозпасгирии сарзаминҳои таҳти ишғоли Русия анҷом диҳанд. Ў гуфт: “барои мо ин муҳим аст, ки укроиниҳо имсол бубинанд бозсозӣ як воқеият аст.”