Сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Комрон Раҷабзода дар «даргирӣ бо қочоқбарон» кушта шудааст.
Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеъан хабар дода, менависад рӯзи ҳодиса шаби 27-уми апрел рух додааст.
«Комрон Раҷабзода ҳангоми амалиёт аз ҷониби шахсони номаълум паронда шуд,» — гуфтааст як манбаи радио.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрел хабар доданд, ки дар як даргирии нерӯҳои давлатӣ ва қочоқбарон дар вилояти Бадахшон шаби гузашта як низомӣ кушта шудааст, аммо аз касе ном нагирифтанд.
Хабаргузори расмии «Ховар» навишт, ки «шаби гузашта гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 нафар… хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Тишор»-и Отряди сарҳадии «Хоруғ» убур намуданд.»
Ба иттилои расмӣ, қочоқбарон ба тарафи Афғонистон фирор карда, се ҳамкори тоҷикистонии онҳо кушта шудаанд.