Агентии ҳавопаймоии Русия ба додгоҳи шаҳри Маскав шикоят бурда, хостори ситонидани қарзи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” маблағи 555 ҳазор доллар аз хидматрасониҳои ҳавоӣ шудааст.
Намояндаи агентии ҳавопаймоии Русия дар додгоҳ гуфтааст, ки ин маблағи қарзи ширкати “Тоҷик Эйр”аз хидматрасонии ҳавоии агентӣ мебошад, ки тайи моҳҳои сентябр то декабри соли 2018 пардохт нашудааст.
Гуфта мешавад, ба далели ҳозир нашудани намояндаи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар ҷаласаи додгоҳи шаҳри Маскав, баррасии ин мавзуъ ба рӯзи 11 июли соли ҷорӣ ба таъхир гузошта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи гузориши Радиои Озодӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон зидди мудири пешини бахши ҳуқуқии Вазорати нақлиёт Зафар Ҳафизов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ҳафизов аз он муттаҳам мешавад, ки гӯиё беш аз 180 ҳазор сомонӣ, муодили 17 ҳазор евро пули ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»-ро аз худ карда, боис шудааст, ин ширкат дар як мурофиаи додгоҳӣ дар хориҷа шикаст хӯрад. Гуфта мешавад, баҳси ширкати «Тоҷик Эйр» бо коршарики литвониаш дар ҷаласаи солонаи ҳукумат боис ба нигаронӣ шудааст.
Дар куҷо будани Зафар Ҳафизов ва ҳамчунин мавқеи ӯ ба ин ҳодиса феълан маълум нест. Масъулони ширкати «Тоҷик Эйр» мегӯянд, ӯ аз кишвар фирор кардааст.
Як намояндаи ширкати «Тоҷик Эйр» рӯзи 6-уми июн дар Додгоҳи олии иқтисодӣ гуфт, Зафар Ҳафизов муваззаф буд аз манфиати ин ширкат дар баҳс бо ширкати «Скайроуд Лизинг” дар Додгоҳи арбитражӣ ё ҳакамии шаҳри Вилнюси Литва ҳимоя кунад. Аммо ба гуфтаи ӯ, «Ҳафизов дар мурофиаҳо иштирок накард ва боис шуд, «Тоҷик Эйр» аз коршарики литвонии худ дар додгоҳи ҳакамӣ шикаст хӯрад ва ба пардохти 20 миллион доллар маблағ муваззаф шавад.»
Алайҳи Зафар Ҳафизов бар асоси қисми дуи моддаи 322-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Ба гуфтаи масъулони ширкати «Тоҷик Эйр” онҳо бо ширкати литвонии «Скайроуд Лизинг” аз соли 2009 ҳамкорӣ доранд ва онҳо аз ин ширкати литвонӣ ду ҳавопаймои «Боинг»-ро тариқи лизинг ба иҷора гирифтанд.
Вале ин ду коршарик соли гузашта бар сари 20 миллион доллар пули иҷораи ҳавопаймо ва баҳраҳои он вориди баҳси додгоҳӣ шуданд ва 25-уми апрели соли 2018 Додгоҳи арбитражӣ ё ҳакамии шаҳри Вилнюс қарор кард, «Тоҷик Эйр” ин маблағро пардозад. Шикояти «Тоҷик Эйр” дар додгоҳҳои Литва рад карда шуд. Аммо дар муқобил додгоҳҳои Тоҷикистон низ қарори Додгоҳи арбитражи шаҳри Вилнюсро эътироф накарданд.
Интизор меравад соҳибқарзони дигари Тоҷик Эйр низ ба зудӣ алайҳи ин ширкат даъвоҳои додгоҳиро оғоз хоҳанд кард. Тоҷик Эйр аз рӯзи 4 –уми январи соли ҷорӣ тамоми парвозҳои хешро қатъ кардааст ва баррасии амалкарди молии ин ширкат идома дорад.
Мудирияти ҷадиди ин ширкат эълом карда буд, ки аз авохири моҳи марти имсол парвозҳои худро аз сар хоҳад гирифт, ки ин иттифоқ науфтод.