Маъмури махфии пешини Фаронса бо навиштани китоб аз шеваи истихдоми манобеъ, ҳимоят аз шӯришҳои зидди Қаззофӣ ва корҳои дигар бо ҳадафи расидан ба ҳадафҳояш парда бармедорд ва ба ин тартиб тасвири камсобиқа аз фаъолияти сервиси махфии Фаронса дар хориҷ аз кишвар ироа медиҳад
Жан Франсуа Люмер, маъмури махфии пешини Фаронса, ки муддати 25 сол дар хидмати сервиси иттилоотии ин кишвар буд, китобе бо номи “марди Траблос” (l’homme de Tripoli) навишта, ки қарор аст ҳафтаи оянда (севуми моҳи май) мунташир шавад.
Ӯ дар ин китоб ба ифшогариҳои бисёре дар бораи маъмуриятҳояш, аз ҷумла дар бораи фаъолиятҳои 3 солааш дар Либия тайи солҳои 2009 то 2012 пардохтааст ва зербинои сиёсати хориҷии Фаронсаро дар минтақаи стратегӣ, ки масоили геопалитикии зиёде дорад, ошкор мекунад.
Сарҳанг Люмер ки расонаҳои фаронсавӣ аз ӯ таҳти унвони “ҷосуси шумораи 1”-и пешини сервисҳои иттилоотии Фаронса ёд кардаанд, ба моҷарои суқуту марги Муаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либия низ ишора мекунад.
Ӯ дар даврони “баҳори арабӣ” ва пеш аз суқуту сарҳанг Қаззофӣ, аз тарафи бахши “амнияти хориҷии Фаронса” ба Либия фиристода шуда буд ва як маъмурияти фавқи сиррӣ дошт: ин ки то ҷойи имкон аз шумори шахсиятҳои либиёӣ, ки мумкин буд дар канори Қаззофӣ бимонанд, бикоҳад.
Ба ин тартиб сарҳанг Люмер дар ин китоб шарҳ медиҳад, ки чи гуна барои тазъифи раҳбари Либия то замони маргаш талош карда ва чӣ барномаҳоеро дар ин росто ба вижа аз масири вазири хориҷаи Қаззофӣ яъне Мӯсо Кӯсо ба иҷро гузошта, ки дар ниҳоят мунҷар ба фирори ӯ шудааст.
Ӯ дар ин китоб аз шеваи истихдоми манобеъ, ҳимоят аз шӯришҳои зидди Қаззофӣ ва корҳои дигар бо ҳадафи расидан ба аҳдофаш парда бармедорд ва ба ин тартиб тасвири камсобқа аз фаъолияти сервиси махфии Фаронса дар хориҷ аз кишвар ироа медиҳад.
Маҷмӯаи хотироти ӯ бисёр шабеҳ ба як романи ҷосусӣ аст ва дар ҷараёни он шарҳ медиҳад, ки чи гуна амалиёти низомии Фаронса ва Бритониё дар Либия зарбаи мӯҳликӣ ба нерӯҳои Қаззофӣ ворид кард ва боис шуд, ки шӯришиён ба дарвозаҳои қудрат бирасанд ва Жан Франсуа Люмер низ маъмурият дошт, ки ба онҳо наздик шавад ва кумакашон кунад.
Пас аз он низ Қаззофӣ дар 20 октябри 2011 тавассути нерӯҳои мухолифи ҳукуматаш дастгир ва кушта шуд.
Агарчи Франсуа Люмер овозаҳо мабнӣ бар кушта шудани Қаззофӣ тавассути як маъмури махфии фаронсавиро рад мекунад, аммо дар идома эътироф мекунад, ки “шумо мардумро ба хиёнат ба кишварашон ва хиёнат ба эътиқодоташон вомедоред”.