Ҳузури маҷозии Урдуғон ва Путин дар ифтитоҳи нерӯгоҳи атомии Туркия
Раҷаб Таййиб Урдуғон барои нахустин бор пас аз беморӣ аз тариқи конфронси видеоӣ дар як маросими расмӣ ҳузур ёфт. Дар маросими ифтитоҳи нахустини нерӯгоҳи атомии Туркия, ки Русия дар сохту роҳандозии он мушорикат дорад Владимир Путин низ ҳузур дошт.
Рӯзи панҷшанбе, 27 апрел фази аввали нерӯгоҳи ҳастаии “Аккую”-и Туркия тайи маросиме роҳандозӣ шуд. Дар ин маросим раисҷумҳурҳои Туркия ва Русия ва мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз тариқи видеоконфронс ҳузур доштанд.
Раҷаб Таййиб Урдуғон рӯзи сешанбе як мусоҳибаи телевизиониро, ки ба таври зинда пахш мешуд пас аз дақоиқе, ба далели он чи дарди меъдаи ношӣ аз кори зиёд унвон шуд, қатъ кард.
Дар пайи ин иттифоқ барномаҳои интихоботии раисҷумҳури Туркия дар рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе лағв шуданд. Бо ин ҳол Урдуғон аз ҳузур дар маросими роҳандозии нерӯгоҳи атомии Аккую, ки дар остонаи интихоботи риёсатҷумҳурӣ ва парлумонии Туркия аз аҳамияти таблиғоти зиёде бархурдор аст, сарфи назар накард.
Пас аз лағви барномаҳои интихоботии Урдуғон овозаҳое дар бораи номусоид будани вазъи ҷисмии ӯ мунташир шуд, аммо вазири беҳдошти Туркия итминон дода, ки ҳоли раиси давлат рӯ ба беҳбуд аст.
Нахустин нерӯгоҳи атомии Русия, ки ба василаи ширкати Росатом сохта шудааст, қарор аст чаҳор реактор дошта бошад ва яке пас аз дигаре то соли 2028 роҳандозӣ шаванд.
Ба гузориши хабаргузории Анатолу, Урдуғон бо ишора ба ҷобаҷосозиии миллаҳои сӯхт дар реактори аввали нерӯгоҳ гуфт, бо ин кор Туркия бо як таъхири 60 сола ба яке аз кишварҳои дорои энержии ҳастаӣ табдил шуд.
Ба гуфтаи Урдуғон бо шурӯъ ба кор кардани ҳар чаҳор реактор, ин нерӯгоҳ ҳудуди 10 дарсад барқи мавриди ниёзи Туркияро таъмин хоҳад кард.
Дифоъ аз эҳдоси нерӯгоҳ дар минтақаи зилзилахез
Нерӯгоҳи Аккую дар устони Мерсин дар ҷануби Туркия қарор дорад. Ҳудуди дуним моҳ пеш 6 феврал дар ҷануби Туркия ва шимоли Сурия зилзилаи даҳшатоваре рух дод, ки паёмадҳои он давлати Урдуғон ва ҳизби ҳоким Адолат ва Тавсеаро бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ кард.
Бархе таҳлилгарон мӯътақиданд ин зилзила метавонад барои ҳизби ҳоким ва Урдуғон дар интихоботи пеши рӯ, ки 14 моҳи май баргузор мешавад пасларзаҳои вайронгаре дошта бошад.
Афзӯн бар ин эҳдос нерӯгоҳи атомӣ дар ин минтақаи зилзилахез аз ҳамон ибтидо бо интиқодҳое рӯ ба рӯ буд. Ҳамчунин рӯй овардан ба энергии атомӣ дар ҳоле, ки кишваре монанди Олмон ба унвони иқтисоди бартари Иттиҳодияи Аврупо охирин нерӯгоҳҳои худро аз мадор хориҷ карда ва бар таъмини энергӣ аз манобеъи таҷдидпазир тамаркуз дорад бо интиқодҳои зиёде ҳамроҳ будааст.
Урдуғон дар маросими роҳандозии нерӯгоҳи Аккую ба бисёре аз ин шубҳаҳо ва интиқодҳо вокуниш нишон дод: “ин ки нерӯгоҳи ҳастаии Аккую дар зилзилаҳои 6 феврал осеб надид, диққати кори сохтусози анҷомшуда тавассути муҳандисон ва коргарони моро нишон медиҳад.”
Туркия ва савдои роҳандозии ду нерӯгоҳи дигар
Ӯ мегӯяд бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи муваффақи роҳандозии ин нерӯгоҳ дар аввалин фурсат сохти нерӯгоҳҳои дувум ва севуми Туркия дар манотиқи мухталиф оғоз хоҳад шуд.
Раисҷумҳури Туркия дар бахше аз суханонаш бидуни ишораи мустақим ба нигарониҳои зистмуҳитӣ гуфт Иттиҳодияи Аврупо 25 дарсад аз барқи масрафии худро аз нерӯгоҳҳои ҳастаӣ таъмин мекунад ва соли гузашта комиссияи Аврупо бо муаррифии энержии ҳастаӣ ба унвони “энержии сабз” тамоми тардидҳоро аз миён бурд.
Владимир Путин низ дар суханоне бо ишора ба ин, ки сохти нахустин нерӯгоҳи Туркия соли 2018 оғоз ва ба суръат пеш рафт ин таъсисотро ҷузу нерӯгоҳҳои насли севум хонд ва таъкид кард ширкати Росатом барои сохти ин нерӯгоҳ аз болотарин технологӣ ва стандартҳо баҳра гирифтааст.
Раисҷумҳури Русия дар идома хотирнишон кард, ки ин кишвар муҳандисон ва коршиносони Туркияро барои идораи нерӯгоҳ омӯзиш дода ва ин корро ҳамчунон идома хоҳад дод.