Вокуниши Кремл ба гуфтугӯи Чин ва Укроин
Пас аз гуфтугӯи телефонии Си ва Зеленский, Кремл эълом кард, ки бар сари ҳадафҳои худ дар Укроин боқӣ аст ва бояд ба онҳо даст ёбад. Чин эъломи омодагӣ карда, ки барои поён додан ба ҷанги Укроин миёнҷигарӣ кунад.
Кремл дар вокуниш ба аввалин гуфтугӯи телефонии Си Ҷинпин раисҷумҳури Чин ва Владимир Зеленский раисҷумҳури Укроин эълом кард, ки Маскав бар сари ҳадафҳояш дар “амалиёти вижаи низомӣ” боқӣ аст ва бояд ба ин ҳадафҳо даст пайдо кунад.
Русия таҷовузи низомӣ ба Укроинро “амалиёти вижаи низомӣ” меномад.
Кремл дар идомаи баёнияаш тасреҳ карда, ки аз ҳар гуна ибтикори амал барои поён додани ҳарчи сареътар ба даргирии Укроин истиқбол мекунад.
Си ва Зеленский рӯзи чаҳоршанбе 26 апрел барои аввалин бор пас аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Укроин телефонӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд. Чин то кунун расман дар ин даргирӣ эъломи бетарафӣ карда аммо ҳамкории наздике бо Русия дорад.
Раисҷумҳури Чин дар ин муколимаи телефонӣ таъкид кард, ки кишвараш “ҳамеша дар тарафи сулҳ” қарор дорад ва омодааст то барои “пешбурди сулҳу музокира” талош кунад.
Ба гуфтаи Си, Пекин бо ин ҳадаф фиристодаи вижаи Осиё- Аврупоияшро ба Укроин мефиристад то бо “тамоми тарафҳои алоқаманд ба сулҳ” гуфтугӯ кунад. Илова бар ин Чин мехоҳад кумакҳои башардӯстона ба Укроин ирсол кунад.
“Укроин 230 танк дарёфт карда”
Дабири кулли НАТО гуфтааст Ғарб то кунун 230 танк ва беш аз 1550 худрави зиреҳӣ барои дифоъ дар баробари Русия ба Укроин фиристодааст.
Ба гуфтаи Йенс Столтенберг, ин рақам муодили 98 дарсад худравҳои ҷангӣ аст, ки ахиран дар гурӯҳи иртиботи байнламилалӣ ба манзури ҳамоҳангии кумакҳои низомӣ ба Укроин бар сари он тавофуқ шуда буд.
Столтенберг, ки дар ҳошияи нишаст бо нахуствазири Лугсембург дар Брюссел сӯҳбат мекард афзуд: “бад-ин тартиб Укроин дар як мавқеияти қавӣ барои бозпасгирии тамомияти арзиаш қарор дорад.”
Дар ин миён ҳамчунин беш аз 9 тайпи (бригадаи) зиреҳ-танкии Укроин омӯзиш дида ва таҷҳиз шудаанд. Ин тайпҳо муташаккил беш аз ҳазорон сарбоз марду зани укроинӣ ҳастанд.
Столтенберг дар айни ҳол тасреҳ кард, ки набояд тавони низомии нерӯҳои Русияро дасти кам гирифт чаро, ки ба гуфтаи ӯ Русия талош мекунад аз тариқи шумор, яъне бо теъдоди болои сарбоз, поин будани кайфияти низомиашро ҷуброн кунад.
Аз ҳафтаҳои гузашта мураттабан дар бораи як ҳамлаи густурда аз сӯи Укроин гумоназанӣ мешавад. Ин суханони дабири кулли НАТО метавонад ишорае ба ин ҳамлаи эҳтимолӣ бошад.
“Интизори беш аз ҳад надошта бошед”
Дар иртибот бо ин ҳамла эҳтимолии бузурги Укроин, вазири дифоъи ин кишвар ҳушдор дода, ки мардум дар дохилу хориҷи Укроин набояд интизори беш аз ҳад аз ҳамлаи барномарезӣ шуда дар баҳор дошта бошанд.
Алексей Резников, ки рӯз панҷшанбе 27 апрел бо хабаргузории RBC-и Укроин гуфтугӯ мекард, гуфт қатъан умедҳо зиёд шуда ва ҳама мунтазири пирӯзӣ ҳастанд.
Ӯ ёдоварӣ кард, ки дар рӯзҳои ибтидоӣ пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин танҳо умед ин буд, ки битавон сари по монад. Вазири дифоъи Укроин идома дод: “аммо вақте артиши Укроин аввалин муваффақиятҳояшро ба даст овард, боварӣ ба пирӯзӣ оғоз шуд.”
Ба ҳамин далел ба гуфтаи ӯ боло рафтани умед ва интизори муваффақият ва пирӯзӣ оддӣ аст аммо набояд ин интизор беш аз ҳад бошад.