14-уми октябри соли равон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» баргузор шуд. Дар он намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии даҳҳо кишварҳои хориҷӣ иштирок доштанд.
Кишвари имкониятҳо
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки ҳадафи асосии форум муаррифии захираҳо ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷалби фанновариҳои нав ва ғояҳои инноватсионӣ ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар мебошад.
Форуми соли 2025 зери шиори «Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо» баргузор гардида, диққати асосӣ ба рушди иқтисоди «сабз» ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ равона шудааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон имрӯз кишвари босуръат тараққиёбандаи минтақа аст, ки иқтисодиёти устувор, фазои беҳтаршавандаи сармоягузорӣ ва сиёсати боварибахши хориҷиро пешниҳод менамояд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат ба иқтидорҳои гидроэнергетикӣ, захираҳои маъданӣ, сармояи инсонии ҷавон ва пурқувват ҳамчун афзалиятҳои рақобатии кишвар ишора кард.
Имтиёзҳои сармоягузорӣ
Президенти кишвар мавқеи стратегӣ ва ҷуғрофии Тоҷикистонро ҳамчун пул байни Аврупо ва Осиё арзёбӣ намуда, имкониятҳои таъсиси долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва логистикиро муаррифӣ намуд. Ин иқдом ба ҳамгироии бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Дар доираи сиёсати рушди устувор, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зарурати татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои давраи то соли 2037-ро ёдовар шуд. Ҳамзамон, ба ширкатҳои байналмилалӣ ва сармоягузорон пешниҳод гардид, ки дар истеҳсоли технологияҳои тоза, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ шарик шаванд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат ба сармоягузорон чандин самтҳои дорои потенсиали баландро муаррифӣ кард. Аз ҷумла, саноати сабук ва хӯрокворӣ, саноати кимиё ва дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, комплекси агросаноатӣ ва соҳаи сайёҳӣ.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорӣ зиёда аз 240 кафолат ва имтиёзҳои гуногун пешниҳод мекунад, ки беш аз 110-тои онҳо андозӣ ва гумрукӣ мебошанд. Инчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон панҷ минтақаи озоди иқтисодии кишварро ҳамчун муҳити мусоид барои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ номбар кард.
Президенти кишвар таъкид намуд, ки ҳадафи стратегӣ – табдил додани Тоҷикистон ба макони боэътимоди сармоягузории дарозмуддат аст. Ин ба ҳамкорӣ барои рушди устувор ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.
26 созишнома ба маблағи беш аз $ 3 миллиард
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» 26 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар ба имзо расид. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон 8 созишнома ба маблағи 333,5 миллион доллар, дар соҳаи саноат 9 созишнома ба маблағи 386 миллион доллар, Вазорати энергетика 5 созишнома ба маблағи 2,4 миллиард доллар бо шарикони худ ба имзо расониданд.
Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ин санадҳо ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат, аз ҷумла энергетика, саноат, инноватсия, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт нигаронида шудаанд. 4 созишномаи дигар дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба имзо расида, маблағи умумии онҳо 8,9 миллион долларро ташкил медиҳад.
Рӯзи соҳибкорон…
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 14-уми октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад. Баргузории форум низ дар Рӯзи соҳибкорон рамзӣ аст ва дар он Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов, муовини якуми Сарвазири Қазоқистон Роман Скляр, Валиаҳди Шоҳигарии Нигери-Сембилан (Малайзия), намояндагони СММ, Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳузур доштанд.
Ба андешаи коршиносон, Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» платформаи муҳим барои рушди сармоягузорӣ ва рақамӣ мебошад. Дар форум беш аз 1000 нафар иштирокдорон – меҳмонон аз Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна ҳузур доштанд.
Барномаи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мавзуӣ ва ҷаласаҳои махсусро оид ба рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, молияи устувор, рушди ояндаи шаҳр, энергетикаи “сабз” ва соҳибкорӣ дар бар гирифт. Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» намоишгоҳи «Душанбе Инвест-2025» ташкил карда шуд. Дар он дастовардҳо дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ, агробизнес, сайёҳӣ, фазои сармоягузорӣ ва молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон муаррифӣ карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube