Душанбе аз беҳтарин маконҳои Осиёи Миёна барои сармоягузорӣ аст. Ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди пойтахт зиёд гардида, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 2,2 млрд доллар расид. Дар ин бора зимни форуми сармоягузории Душанбе, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, иқтисоди шаҳр яке аз зудтарин рушдёбандаҳо дар минтақа буда, бо 69 кишвари ҷаҳон равобит дорад.
Шарифӣ гуфт, новобаста аз таъсиси ҳама гуна хавфҳои эҳтимолӣ, вазъи мурракаби иқтисодии ҷаҳон тамоюли мусбии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин гардида истодааст.
“Рушди миёнаи солонаи маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар солҳои ахир беш аз 7%-ро ташкил медиҳад. Душанбе дар ҳашт соли охир ҳудуди 20%-и ММД-и Тоҷикистонро таъмин мекунад”, – афзуд ӯ.
Шаҳри Душанбе бо 23 шаҳр муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва бо панҷ шаҳри дигар робитаҳои байналмилалии шарикиро истиқрор намуда, узви фаъоли 6 ташкилоту форуми сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст.
Ҳамзамон, шаҳр бо 69 кишвари ҷаҳон робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дошта, аз ин 11давлатҳои ИДМ ва 58 кишвари хориҷи дур мебошанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ва вусъат додани имкониятҳои содиротии кишвар ва беҳбуд бахшидан ба вазъи бозори меҳнат ислоҳоти иқтисоди мувафақона амалӣ шуда истодааст.
“Аз ҳудуди Тоҷикистон 4 долони нақлиётӣ мегузарад, ки бозори кишвари минтақа ва берун аз онро бо ҳам мепайвандад ва ин долонҳо дар навбати худ ба афззоиши гардиши савдои хориҷии кишвар заминаи мусоид мегузорад”, – қайд кард Шарифӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube