Рубрики Хабарҳо

“Кочоқбарон”-у “террористон” мунтазири натоиҷи нишасти Вена ва хариди ҳавопаймо барои “пешво” буданд?

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз задухӯрди дуввум бо “қочоқбарони афғон” хабар медиҳад. Фаъол шудани “қочоқбарон” баъди шикасти “амалиёти инсондӯстонаи” Бузмаков дар Венаву хариди ҳавопаймои хусусӣ барои “пешво” аз як тараф ва баёнияҳои зиддунақизи ва дур аз мантиқи мақомот дар бораи “қочоқбарони афғон” шубаҳоте дар ин мавридро эҷод кардааст.

КДАМ субҳи имрӯз аз кӯшиши дувуми убури марз аз ҷониби “қочоқбарони афғон” ва амалиёти муваффақ алайҳи онҳо .  

“28 апрели соли 2023, шабона соати 1-у 30-дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 нафар, таҳти роҳбарии Додихудо, Нодиршо ва Забӣ валади Муҳаммадсахӣ, сокинони қарияи Барпанҷаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон, бо мақсади интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ, хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Тишор»-и Отряди сарҳадии «Хоруғ»  убур намуданд” — гуфта мешавад дар иттилояи Маркази матбуоти Отряди сарҳадии «Хоруғ»-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки АМИД “Ховар” онро нашр кардааст.

Аммо гуфтаи ин шоҳид даъвои дигари КДАМ мабнӣ бар ҳадафи он ду марзшикан — “бо мақсади анҷом додани амали террористӣ”-ро такзиб мекунад. Оне, ки бо ҳадафи амалиёти террористӣ вориди хоки кишвар мешавад ва ҳатман барои ин кор моҳҳову ҳафтаҳо омодагӣ дидааст, корро то ҷое мерасонад, ки то пои марг гурусна шавад ва ба назди сокинон, бо фаромӯш кардани тамоми қоидаҳои бехатарӣ, нонпурсӣ равад?

Баъди ду хабари ҷанҷолии шармандасози мақомот, ки пайиҳам расонаӣ шуданд — харидани ҳавопаймои хусусӣ барои Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби буҷа, яъне пули мардум ва шикасти гурӯҳи таблиғотии ҳукумат дар нишасти СММ дар Вена, хабари дигаре расонаӣ шуд, ки аз тарафи худи мубаллиғони режим таблиғ мешуд: латукӯби сарбозон. Одатан мақомоти тафтишотӣ ва интизомӣ ба ин гуна хабарҳо хеле кам вокуниш мекунанд, аммо ба ин хабар якбора ҳам Додситонии кул ва ҳам Вазорати дохила вокуниши тунд нишон дода, аз боздошти 6 нафар бо шумули як сарҳангёр хабар доданд, ки бисёр камсобиқа аст.

Темур Варқӣ, намояндаи Паймони миллии Тоҷикистон бо пахши гуфт мақомот амдан ин наворро нашр кардаанд, то зеҳни ҷомеаро канор баранд. Ӯ навишт “наворе, ки дар декабри соли гузашта сабт шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, то таваҷҷуҳи умумиро аз хариди ҳавопаймои фиръавнии 92 миллиондолларӣ тавассути раиси кишвари фақир ва «шикасти таблиғоти ҳайати давлат дар Женева” канор барад. 

Аммо пахши ин навор натавонист зеҳнҳоро аз ду хабари дигар мутафарриқ кунад. Баръакс он ба сабади шармандагиҳои ҳукумат вазни нав илова кард. 

Зоҳиран мақомот ба ин натиҷа расидаанд танҳо вуруди “террористон”-у “қочоқбарҳо” ва даргирӣ бо онҳову кушта шудани чанд нафар метавонад зеҳни ҷомеаро машғул созад. Дар айни ҳол “безарагардонӣ”-и як афсари амниятӣ, ки шояд бо кадом далеле набояд зинда мемонд, дар ғавғои ин сарусадоҳо барояшон айни муддао буд.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *