Рубрики Хабарҳо

Ҷосусҳои рус чанд мансабдори тоҷикро гӯш мекардаанд

Як тими ҷосусии русӣ барои дарёфти иттилоот, ба шабакаҳои мухобиротии ҳукуматии Тоҷикистон аз ҷумла, компютерҳои вазири собиқи нақлиёт ва муовини вазири умури дохилӣ роҳ ёфтааст. Дар ин бора ширкати швейтсариягии  “Продафт” хабар медиҳад. 

Ин ширкат дар як гузоришаш гуфтааст, гуруҳи “Ҳаштпои кӯчманчӣ” ва ё Nomadic Octopus тайи чанд соли гузашта ба ҷосусӣ аз пайи мақомоти баландпоя, иншооти муҳим ва хадамоти мухобиротӣ машғул будааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки “Ҳаштпои кӯчманчӣ” аз соли 2020, зоҳиран аз тариқи як ширкати телефонии Тоҷикистон ба шабакаҳои ҳукумативу компютерҳои хусусӣ роҳ ёфта ва ба ҷосусӣ машғул шудааст.

Ба ин гуруҳ муяссар шудааст, ба компютерҳое, ки шояд чанд мақоми баландпоя истифода мебурданд, роҳ ёбад. Дар феҳрасте, ки дар гузориш нашр кардаанд, номи Худоёр Худоёрзода, вазири собиқи нақлиёт, Саинднахш Раҳмонзода, муовини вазири дохилӣ, Абдулазиз Шарифӣ, раиси шӯъбаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, Амирхон Қурбонзода, ҳоло муовини аввали раиси шаҳри Душанбе ва Бобишо Холзода, сардори собиқи раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва ҳоло раиси ноҳияи Файзобод зикр шудааст.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, гуруҳи ҷосусии русӣ аз компютер ва шабакаҳое, ки ба назари онҳо “арзишманд” набудаанд ва ба сохторҳои ҳукуматӣ ва зербунёдҳои давлативу иҷтимоӣ иртибот надоштаанд, даст кашида, дигаронашро нигаҳ медоштаанд. Маъракаи ҷосусӣ, ки гуруҳи “Ҳафтпои кӯчманчӣ” ба роҳ андохтааст, зоҳиран “Бумажний жук” ва “Суски коғазхӯр” ном доштааст ва рахнагарон “пайваста, номаҳои электронӣ, санадҳо, таърихи муколама дар паёмрасонҳо медузидаанд.”

Гузашта аз метавонистаанд, мустақим бубинанд, ки соҳибони компютерҳо чӣ менависанду дар комютерашон чӣ кор мекунанд. Ба гуфтаи мутахассисони ширкати “Продафт”, ба “Ҳаштпои кӯчманчӣ” муяссар шудааст, аз тариқи шабакаҳои як ширкати телефонии мустақар дар Тоҷикистон ба компютерҳои мақомоти Тоҷикистон роҳ ёбад. Номи ширкатро дар гузориш сиёҳ кардаанд, то маълум нашавад, кадом аст.

Дар гузориш омадааст, ки гуруҳ ҳамчунин ба компютерҳои баъзе аз нуқтаҳои бензинфурӯшӣ дастрасӣ доштааст ва аз моҳи ноябри соли 2020 ба ин кораш идома медиҳад. Ба рӯз нашудани нармафзорҳо, системаи заифи ҳимоятии шабакаҳо ба “Ҳаштпои кӯчманчӣ” имкон додааст, ки ба компютеру шабакаҳои мухобиротии Тоҷикистон роҳ ёбад ва “чанголҳояшро дар ин шабакаҳо” васеъ паҳн кунад.

Гуруҳи “Ҳаштпои кӯчманчӣ” аз соли 2014 фаъол буда, умдатан аз паси афроди алоҳида ва ё дипломатҳо дар Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва бахусус кишварҳои собиқи шӯравӣ ҷосусӣ мекардааст. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин гузориши ҳануз вокуниши расмие нишон надодаанд.

Шабакаҳои мухобиротии Тоҷикистон дар гузашта ҳам ҳадафи рахнагарони интернетӣ қарор гирифтаанд. Kaspersky Lab ва ё “Озмоишгоҳи Касперски”, ки аз антивирусҳои он дар Тоҷикистон низ фаровон истифода мебаранд, соли 2013 бо нашри гузорише гуфт, вирусе бо номи “Октябри Сурх” ёфтааст, ки кори он ҷамъ овардани иттилоъоти маҳрамона, аз ҷумла дар бораи сиёсатҳои геополитикӣ, калидвожаҳои шабакаҳои компютерӣ ва иттилоъоти хусусӣ аз телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои мухобиротӣ будааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *