Рубрики Хабарҳо

Дар Душанбе тафтиши НФС-ҳо пурзӯр шудааст

Баъди таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва марги як нафар бар асари он дар Тоҷикистон тадбирҳои бехатарии зидди сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ пурзӯр карда шуд. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба сокинони шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои гирду атрофи пойтахт хабар додааст.

Ба гуфтаи сокинон чанд рӯзи охир барои пур кардани баллонҳои гази худ, ки дар рӯзгор истифода мебаранд, мушкилӣ доранд. Ба гуфтаи онҳоҳо, ин ҳолат пас аз таркиши рӯзи ҷумъа дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе ба вуҷуд омадааст.

“Дар бисёре аз нуқтаҳо дигар баллонро пур намекунанд, лозим меояд, ки ҷойҳои дигарро ёбем, — гуфтанд онҳо. — Кормандон мегӯянд, ки санҷиш рафта истодааст”. Дар ҳамин ҳол, онҳо зикр мекунанд, ки пас аз рафтани санҷишгарон онҳо зарфҳояшон (баллонҳояшон)-ро пур хоҳанд кард.

Касе ҳоло ин маълумотро расман тасдиқ накардааст, лекин қаблан дар чунин ҳолатҳо Хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон оид ба санҷиши нигаҳдории сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯш рейдҳо мегузаронид.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 апрел дар нуқтаи фурӯши ширкати “Соро Ойл” дар кӯчаи Борбади пойтахт нахуст сӯхтор сар зада, сипас таркиш ба амал омад. Сӯхтор бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор ҳангоми аз автомашина гирифтани газ сар зад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *