Рубрики Хабарҳо

Истеҳсоли ангишт 13% афзудааст

Дар Тоҷикистон дар 6 моҳи нахусти соли ҷорӣ 853 ҳазор тонна ангиштсанг тавлид шудааст.

Тавлиди ин миқдор ангиштсанг нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол рӯзи гузашта вазири саноат Шералӣ Кабир эълон карда буд, ки содироти ангишт 15 баробар афзоиш ёфтааст. Ин содирот аз кадом ҳисоб таъмин шудааст, маълум нест.

Гуфта мешавад, ки беш аз 365 ҳазор тонна ангишсанг тавлид шуда мутаъалиқ ба ширкатҳои давлатӣ  мебошад. Дар ин муддат 488 ҳазор тонна ё наздик ба 58 дарсад аз кулли ангишсанги тавлидшуда дар Тоҷикистонро ширкатҳои хусусӣ истеҳсол кардаанд. 

13 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ дар Тоҷикистон ба истихроҷи ангиштсанг машғуланд ва 200 корхона аз ангиштсанг барои тавлиди маҳсулот истифода мекунанд.

Захираҳои шиносоишуда дар 21 маъдани ангиштсанги Тоҷикистон беш аз 3 миллиард тонна эълом шуда аст. Тавлиди ангиштсанг дар Тоҷикистон дар солҳои ахир ба беш аз 2 миллион тонна дар сол расида аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *