Рубрики Хабарҳо

Бостоншиносон бақияҳои 3700-солаи мағзи ду инсонро дар Туркия кашф карданд

Бостоншиносон дар ҷараёни ковишҳояшон дар устони Кютаҳияи Туркия муваффақ ба кашфи бақияҳои “мағзу пӯст”-и 3 ҳазору 700 солаи ду ҷасад шуданд. 

Онҳо эҳтимол медиҳанд, ки ин ду нафар ҳудуди 3 ҳазору 700 сол пеш дар ҷараёни оташсӯзии хонаашон дар минтақаи Тавшанлӣ дар устони Кютаҳия аз дунё рафта бошанд. 

Ба гуфтаи бостоншиносоне, ки дар ин ковиш ҳузур доштаанд, бақияҳои мағзу пӯсти кашфшуда мутааллиқ ба ду мард аст, ки сини яке аз онҳо байни 15 то 18 сол ва дигаре байни 40 то 45 тахмин зада мешавад. 

Онҳо ҳамчунин эҳтимол медиҳанд ин ду нафар, ки қадашон 130 сантиметр тахмин зада мешавад дар ҷараёни як ҳамлаи ногаҳонӣ ба ин шаҳр, фурсати фирор пайдо накарда ва дар оташе, ки дар хонаашон шӯълавар шуда будааст, гирафтода ва ҷонбохтаанд. 

Хабаргузории “Анатолу” гузориш дод, ки Йлмаз Салим Ардал, раиси бахши мардумшиносии донишгоҳи Ҳоҷатеппа бар ин назар аст, ки бақияҳои мағзу пӯсти кашфшуда ба далели фароянди карбонизатсия то ба имрӯз ҳифз шудаанд. 

Бинобар ба гуфтаи ӯ, қарор гирифтани ин ду скелет дар маърази дамои бисёр боло боис шудааст, ки бофти мағз дар даруни ҷумҷума дар тайи чанд ҳазор сол ҳифз шавад. Салим Ардал ҳамчунин аз ба ҳолати зуғолии даромадани бахше аз пӯсти скелетҳо дар байни қафаси сина ва шикам сухан гуфт. 

Бино ба гузориши гурӯҳи бостоншиносӣ, ки ин ковишро анҷом додааст, теппаи Тавшанлӣ бо қидмате 8 ҳазор сола, қадимитарин сукунатгоҳ дар Кӯтоҳия ва яке аз бузургтарин сукунатгоҳҳои асри брунз дар ғарби Анталия бо масоҳати 45 гектар аст. 

Хабар ёфтаҳои ин ковиш дар ҷараёни бистунуҳмин нишасти бостоншиносон дар Белфаст, пойтахти Ирландияи шимолӣ эълом шуд. 

Ковиш дар сайти бостоншиносии Кӯтоҳия тавассути Аркан Фидан, раиси бахши бостоншиносии донишгоҳи Билеҷики Туркия ҳидоят мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *