Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон истиқлол дорад?

Изҳори назари ахири сафири Чин дар Фаронса тайи як суҳбат бо шабакаи телевизионии LCI баҳсбарангез шуд.

 Вақте ки аз Лу Шай, сафири Чин дар Фаронса дар бораи мавқеи ӯ дар робита ба хоки Украина ё аз Русия будани Қрим суол карданд, ӯ гуфт, аз лиҳози таърихӣ Қрим хоки Русия аст, ки Никита Хрушев дар замони раҳбарияш онро ба Украина дод. Дар ин зимн Лу Шай афзуд, кишварҳои мустақиле, ки пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ буруз карданд, “бар асоси қавонини байналмилалӣ, мақоми муассире надоранд, зеро ҳич созишномаи байналмилалие барои таъйиди мақоми онҳо ба унвони кишварҳои мустақил вуҷуд надорад”

Cе кишвари ба истилоҳ Иттиҳоди Шӯравии собиқ, назири Латвия, Литва ва Эстония, ки кунун узви Иттиҳоди Урупо ҳастанд, на танҳо ба сафири Чин посух гуфтанд, балки эълом намуданд, ин ҷамоҳир аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ ғасб шуданд. Масалан, вазири умури хориҷии Литва Габриэлус Ланбергис гуфт, аз ин дипломат тақазо мешавад,“агар мавқеи Чин  тағйир ёфта бошад ҳам…. хотиррасон карда шудааст, ки мо кишварҳои пасошӯравӣ нестем, балки кишварҳое ҳастем, ки аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ ба сурати ғайриқонунӣ ғасб шуда будем”.

Ба назари вазири умури хориҷии Литва, “агар касе ҳайрон аст, ки чаро кишварҳои Каронаи Балтик ба миёнҷигарии Чин дар қазияи Украина бовар надоранд, ин аст посухи сафири Чин, ки иддао мекунад, Қрим аз Русия аст ва марзҳои кишварҳои мо заминаи ҳуқуқӣ надоранд”[2].

Ҳамин тариқ, баъзе аз кишварҳои урупоии дигар низ, аз қабили Фаронса, Олмон ва Итолиё дар ин замина бо сафири Чин дар Порис бархӯрд карданд. Аммо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон буд, ки посух дод[3]. 

Посухи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар робита ба ин масъала хеле ҷолиб аст. Тайи як нишасти хабарӣ аз Ойбек Смадияров, намояндаи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар ин замина суол карданд. Ӯ бо баёни ин мавқеи Ҷумҳурии Чин бо мақеи Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи эътирофи истиқлоли кишварҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистии собиқ ҳамоҳанг аст, афзуд: “Равобити мутақобилаи Қазоқистон ва Чин ҷиддӣ аст. Дар зимни шарҳи амали сафири худ аллакай Вазорати умури хориҷии Чин мавқеи комилашро баён кард. Ӯ дар Порис фаъолият мекунад. Биёед, калимотро вожгуна ҷилва надиҳем ва мавзуи комилан мутафовитро матраҳ нанамоем”[4].

Зоҳиран изҳороти ахири сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин соири кишварҳои собиқи шӯравиро қонеъ кард, ки боқии онҳо ба ин масъала вокуниш накарданд. Зеро пас аз сарусадоҳои зиёд дар ин маврид сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин эълон кард, ки “тарафи Чин мақоми кишварҳои пасошӯравиро пас аз шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ба унвони кишварҳои мустақил эҳтиром менамояд. Мао Нинг, сухангӯи Вазорати умури хоҷирии Чин афзуд, ки мавқеи кишвараш дар робита ба якпорчагии кишварҳои пасошӯравӣ возеҳ ва устувор аст[5].

Бояд гуфт, ҷониби Тоҷикистон на танҳо ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ накард, балки вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ ба Пекин сафар карда,[6] дар ҳамон шабу рӯз миёни тоҷирону соҳибкорони тоҷикистонию чинӣ дар Душанбе ҳамоише сурат гирифт ва масъалаи содироти Тоҷикистон ба бозорҳои Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт[7].

Дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, кишварҳои аврупоӣ, ки истиқлол доштанд, сиёсатро бар иқтисод тарҷеҳ доданд ва дар баробари як дипломати чинӣ мавзеъ гирифтанд. Ҳол он ки бо таваҷҷуҳ ба як дипломати оддӣ, сафир будани Лу Шай ин мақомоти кишварҳои аврупоӣ метавонистанд хомӯш бошанд, аммо бинобар ин ки масъалаи истиқлоли кишвар дар миён буд, мақомоти урупоӣ онро бепосух нагузоштанд.

Ҳарчанд раисҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2022 фармони баргузории таҷлил аз 35-солагии истиқлолро имзо кард, аммо мақомоти “истиқлолхоҳ”-и мо то ҳанӯз ба истилоҳ дар гӯши фил хобанд[8]. Мутаассифона, дар Тоҷикистон маънии истиқлолро дар ҷашнороиву раққосагӣ ва ё сохтмони иншооту биноҳо мефаҳманд[9], ки дар маънии васеъ ин ба иқтисод ва дар маънии маҳдуд ба тиҷорати чанд нафар дар кишвар гиреҳ мехӯрад.

Дар ҳамин ҳол, муҳим аст, ба таърифи истиқлол пардозем ва аз ин нигоҳ воқеияти Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашем, ки то кадом ҳад ба истилоҳ элитаи ҳоким тавонистааст шароити истиқлоли кишварро фароҳам кардааст, то дар маҳофили байналмилалӣ пайи дифоъ аз он басич шудан имконпазир бошад.

Агар ба тарзи сода мафҳуми “истиқлол” барои як кишварро тафсир кунем, он ба маънии тобеъ набудан ба кишвари дигар аст. Он давлатест, ки ҳукуматаш тобеи ниҳоде бузургтар аз он нест. Ин давлат марзу бум ва ҷамъияти ҷудогона дорад ва аз тарафи дигар давлатҳои ҷаҳон ин мақоми он ба расмият шинохта мешавад[10].

Албатта, бо таваҷҷуҳ ба ташаккули системаҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин сохтори давлатдории муосир дигар навъҳои истеъмори анъанавӣ болои давлатҳои вобаста ба назар намерасанд, балки аз роҳҳои ҷадиди тобеъ кардани кишварҳо кор гирифта мешавад, ки дар чунин ҳол Тоҷикистон низ мавриди ин гуна таваҷҷуҳи қудратҳо қарор мегирад. Ба ибораи дигар маънии “тобеъ будан” вуҷуди як давлат дар қисме аз давлати бузургтар ё қудратмандтар будан хулоса намешавад, балки фаротар аз он аст. Аз ин манзур таъмини истиқлол ва тобеъ набудан дар адами вобастагии соҳоти муҳими як кишвар – сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳанг аст. Таъмини ин соҳот муҳимтарин усули ҳифзи истиқлоли як кишваранд, ки вобастагии маркази қабули қарорро барҳам мезананд ва истиқлоли сиёсиро барои як давлат фароҳам мекунанд. Аз ин зовия шинохти ҷомеаи байналмилалӣ дар мақоми як давлати мустақил ва роҳандозии равобит ба он мутобиқ ба ин усул сурат мегирад.

Агар мо феълан Русияро сарфи назар намоем, зеро ин кишвар ба унвони кишвари умдаи муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва вазни сабади истеъмолии ҷомеаи кишвар аз он вобаста аст, Пекин дар таҳмили бори гароне ба иқтисоди кишвар дар маҳсур кардани истиқлоли Душанбе – афзудани вобастагии давлати мо нақши муҳиме доштааст.

Моҳи феврали соли гузашта Файзиддин Қаҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон қарзи хориҷии кишварро 3,2 миллиард доллар гуфта буд, ки 1,1 миллиарди он марбути Чин мешавад[11].

 Ба эътирофи ин вазири тоҷик, қарзи Чин 35 дарсади қарзи хориҷии кишварро ташкил мекунад. Аммо расонаҳои амрикоӣ иддао доранд, ки 60 дарсади қарзҳои Тоҷикистон аз тарафи Пекин дода шудаанд[12].

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсии тоҷик дар ин замина гуфтааст: «Ҳамаи ин бисёр нороҳаткунанда аст. Ин як раванди бисёр хатарнок аст, бахусус вақте қарзҳои бузурге низ вуҷуд доранд. Ҷамъ шудани қарзҳои Чин маънии бозӣ бо оташро дорад. Дар ҳар лаҳза ин метавонад баҳонае барои густариши сиёсӣ ва геополитикӣ шавад»[13].

Аз он ҷое, ки қарордодҳои қарзии Чин маҳрамонаанд, ифшои ҷузъиёти он, ҳатто ҳаҷми онҳо печида аст.

Мисол, “Eximbank” дар соли 2014 мувофиқат кард, барои такмили роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон, ки роҳи иртибототии байни марказу ҷануби кишвар аст, қарз диҳад. Чун масири Душанбе ба Кӯлоб, ки бахше аз роҳи Ваҳдат – Ёвон аст, тавассути раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар августи 2016 ифтитоҳ шуд, тамоми расонаҳои давлатии Тоҷикистон ишора карданд, ин пружа 985 миллион сомонӣ (125 миллион доллар ба мизони он замон) масраф доштааст, ки ба поён расид. Хабаргузории давлатии “Ховар” нагуфт, ки ин пул аз куҷо омадааст ва чӣ касе сохтусозро анҷом додааст.

Аммо дар авоили соли 2015 Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали пешини вазири молия ба хабарнигорон гуфт, ки “Эксимбонк” 68 миллион доллар қарзи имтиёзнок барои такмили роҳи оҳани Ваҳдат — Ёвон додааст. Бар асоси гузоришҳо, тендери ин қарордод ба ширкати сохтусози роҳи оҳани давлатии Чин бидуни фароянди тендери озод вогузор шуд.

Пружаи муҳими дигаре, ки умдатан тавассути “Eximbank” анҷом шуд, талоши “қаҳрамонона” буд. Он дар соли 2006 оғоз шуд ва дар соли 2013 ба поёни расид. Ин таъмири асосии роҳи Душанбе – Чаноқ, аз пойтахт ба вилояти шимолии Суғд буд. Кумаки қарздиҳандаи мустақар дар Пекин дар он тақрибан 290 миллион долларро ташкил дод. 

Бори дигар як ширкати чинӣ — ширкати муҳандисии “China Road and Bridge Corporation” бо ҷониби Тоҷикистон қарордод имзо кард. Ин ба он маънӣ буд, ки пул дар амал ба Чин бозгардонда шуд, агарчи қарзи Тоҷикистон боқӣ монд.

Ҳамон тавре ки яке аз мудирони ширкати “China Road and Bridge Corporation” дар соли 2019 ба расонаҳои давлатии Чин гуфт, ширкати вай 728 километри роҳро ба арзиши 779 миллион доллар дар Тоҷикистон сохтааст.

Масири Душанбе – Чаноқ, бидуни шак, барои ронандагони тоҷик неъмат аст, агарчи бисёре аз ронандагон аз ин воқеият, ки маҷбур ба пардохти пул ба як ширкати сабтшуда дар ҷазоири Вирҷинияи Британия ҳастанд, гила доранд. Ин ки чӣ қадар аз пули ҷамъоваришуда сарфи пардохти қарзҳои хориҷӣ мешавад, махфӣ аст[14].

Соли 2018 Чин сохтусози сохтмони бинои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистонро шуруъ кард, ки гуфта мешавад, барои он 1,5 миллиард юан ихтисос додааст. Сохтмони марокизи гармидиҳӣ дар Душанбе аз дигар “кумак”-ҳои Чин ба Тоҷикистон аст.

Ҳамин тариқ, гӯё ин ҳама кумаки Чин аст, аммо Пекин дар ивази ин ҳама аз мо чизеро мегирад, ки рабти мустақим ба ҳифзи истиқлоли моро дорад. Дар назари аввал ҳич чиз, аммо дар ивази сохтани марокизи гармидиҳӣ Пекин конҳои “Кумарғи Боло” ва “Дуобаи Шарқӣ”-ро аз худ кард. Тибқи қарордоди маҳрамонае, ки Чин бо Тоҷикистон дорад, дар сурати бароварда нашудани масорифи Пекин аз конҳо Душанбе дигаре аз чунин конҳоро дар ихтиёри ӯ қарор хоҳад дод. Ҳол он ки тайи чанд соли ахир Ҳукумати Тоҷикистон бо фармони бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон бахши захираҳои маъдании кӯҳии кишварро дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ вогузоштааст. Конҳои тиллои “Зарафшон” дар Панҷакент, “Пакрут” дар Ваҳдат, “Кумарғи боло” ва “Дуобаи шарқӣ” дар ноҳияи Айнӣ, кони сурбу руҳи “Олтин-Топкан” ва “Пай-Булоқ” дар Панҷакент, тибқи шартномаҳои махфӣ, дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ қарор доранд[15].

Баҳсбарангезтарин муомилаи Тоҷикистону Чин додани порае аз замини кишвар ба ин ҳамсояи шарқии мо буд, ки матбуоти чинӣ мегуфтанд, Пекин тавонист ин замини аздастрафтаи худро бигирад, аммо Душанбе иддао дошт, ки ин замини баҳсӣ аз замони шӯравӣ буд[16]. 

Зимнан ба ин сурат ҳал шудани масъаларо пирӯзии дипломатияи тоҷик унвон карданд, ки албатта, дар чанд соли пеш буд. Ҳамзамон он сол ин баҳс доғ шуд, ки ин қитъа заминро Тоҷикистон бар ивази қарзҳояш додааст, вале Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба таври рӯшан қазияро шарҳ надодааст, ки то ҳол ин масъала ба гунаи мубҳам боқӣ мондааст. Ҳатто расонаҳои чинӣ масоҳати заминро 1158 километри мураббаъ гуфтаанд, ҳол он ки тибқи санадҳои расонаишудаи Тоҷикистон 1100 километри мураббаъ аст[17].

Соли 2018 хабари гирифтани бандари Ҳамбантотаи Шриланка аз тарафи Чин дар сархатти ахбори расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дошт. Ин кишвар маҷбур шуд, бандари бузурги ин кишвар бо имзои як қарордод ба муддати 99 сол дар ихтиёри Чин қарор гирифт[18]. 

Дар ин Юе Бин, сафири пешини Чин дар Тоҷикистон чунин як ишораи дар мавриди бузургтарин корхонаи бузурги Тоҷикистон “ТАлКо” карда буд[19].

Ба ин мисол шуда метавонад, заминҳое, ки солҳои 70- уми асри гузашта Тоҷикистон ба Қирғизистон иҷора дода буд ва ҳоло ин заминҳо баҳсбарангез шудаанд. Қирғизистон омодаи баргардонидани заминҳои ба иҷора гирифтааш нест. Ва ин баҳс борҳо сабаби хунрезӣ шудааст.

Илова бар ин хабарҳое ҳам , ки Тоҷикистон ба Чин садҳо гектар заминро барои 50 солу 100 сол додааст. Аммо саволи матраҳ инаст, ки оё дар тақдири ин заминҳо қазияи заминҳои ба иҷорадодашуда ба Қирғизистон такрор намешавад? Кафолати инро касе надодааст.

Аз он ки қарордодҳои Чин маҳрамона ҳастанд ва ин шарти муҳиме барои Пекин аст, дар ин бора – ба таври дақиқ собит қардани хатарҳои ҷиддии Пекин ба истиқлоли ҳамсояаш чизи дақиқе гуфтан душвор аст, ба ҷуз ин ки бояд гуфт, ҳар як давлат ҳокимият дорад ва ҳокимият аз манобеъ ва захоире бархӯрдор аст. Ҳокимият дар маънии дигар қудрат аст ва ин қудрат ношӣ аз манобеъ ва захоир аст. Манобеъ ва захираҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус мардум ва захоири табиӣ, тавлид ва дар кулл маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қудрати сиёсиро ба вуҷуд меоранд, ки маҳз ин қудрат маркази қабули қарорро тақвият мекунад. Дар ин шароит истиқлоли сиёсии як давлат фароҳам мешавад. Вале вақте ки ин манобеи ҳокимият парокандаанд – мардум муҳоҷир аст, манобеи молии ҳукумат бо қарз таъмин мешаванд ва захоири он ба Чин мераванд, дигар мушаххас аст, ки истиқлол ба чӣ ҳол гирифтор мешавад. Аз ин рӯ мантиқист, ки истиқлоли зоҳирӣ – эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ боқӣ мемонад, аммо амалан то рафт кишвар пойбанди қудрате мешавад, ки дар сиёсати байналмилал ба номи “аждари сурх” шинохта шудааст.   

***

Пайванди манбаъҳои истифодашуда: 

[1]  

[2]  

[3]  

[4] https://kz.kursiv.media/2023-04-24/zhnr-mid-4/

[5] https://www.theguardian.com/world/2023/apr/24/china-rows-back-after-envoy-denies-sovereignty-of-former-soviet-states

[6] https://mfa.tj/tg/main/view/12541/ishtiroki-vazir-dar-vokhurii-vazironi-korhoi-khorijii-osijoi-markazi-chin

[7] https://asiaplustj.info/en/node/324599

[8] https://sputnik.tj/20220107/farmon-rahmon-tajlili-35-solagi-istiqlol-1044647683.html

[9]  

[10]  

[11]  asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20220202/minfin-dolg-tadzhikistana-pered-kitaem-sostavlyaet-bolee-1-mlrd    

[12]  

[13] 

[14]  

[15]  

[16]  

[17]  

[18]  

[19]  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *