Кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гиранд. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тасмим доранд, механизми нави таҳримҳоро эҷод кунанд, ки битавонанд нисбати кишварҳое, ки Русияро дар давр задани таҳримҳои аввалия ёрӣ мерасонанд, иқдом намоянд.
Тибқи пешбинии хабаргузории Bloomberg ҳадафи аввали ин механизм имкон дорад кишарҳои Осиёи Марказӣ бошанд.
Ин хабаргузорӣ менависад “ҳадафи асосии ин тасмим садди роҳи кишварҳое шудан аст, ки ба Русия кӯмак мерасонанд ва бастани маҷроҳоест, ки Москва аз онҳо истифода мекунад. Агар ин механизм кор надиҳад, Иттиҳод ба унвони қадами навбатӣ таҳримҳои ҳадафмандона ҷорӣ хоҳад кард”.
Гуфта мешавад баъди ҷорӣ кардани таҳримҳои нисбати Русия, баъди ҳамлаи густарда ба Украина дар соли 2022, содироти маҳсулот, аз ҷумла “низомҳои техникӣ ва дигар дастгоҳҳои муҳим аз Қазоқистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Чин ва дигар кишвар” ба Русия афзудааст.
Ба бовари мақомоти Ғарбӣ, компонентҳое, ки аз кишварҳои зикршуда ба Русия ворид шудааст, барои таъмири дронҳо ва сохтани мушакҳо истифода мешаванд, ки Русия бо онҳо ба Украина зарба мезанад.
Бори аввал нест, ки кишварҳои Ғарб, аз ҷумла ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо эҳтимоли кӯмаки давлатҳои Осиёи Миёна ба Русия ҷиҳати давр задани таҳримҳои ҷоришударо баррасӣ мекунанд ва бо ҷорӣ кардани таҳрим таҳдид менамоянд. Қаблан низ ин кишварҳо давлатҳои минтақаро ҳушдор дода буданд, ки ба Русия кӯмак накунанд, то таҳрим нашаванд.