Рубрики Хабарҳо

То 15 июн ҳеҷ муҳоҷире аз Русия ихроҷ намешавад

Тибқи фармони Владимир Путин аз 15 март то 15 июн Вазорати корҳои дохили Русия муҳоҷирони меҳнатиро аз ин кишвар ихроҷ нахоҳад кард

Дар ин бора Валентина Казакова, сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст.

Бино ба гуфтаҳои Казакова, ин тасмим тибқи фармони Президенти Федератсияи Русия гирифта шуда, аз 15 март то 15 июн, Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи депортатсия ва хориҷ кардани муҳоҷирон, қарор қабул намекунад.

Казакова ҳамчунин таъкид кардааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ки ба Русия омадаанду муҳлати ҳуҷҷатҳояшон дар ҳолати ба охир расидан аст, хавотир нашаванд.

Аз 15 март то 15 июн патентҳо, иҷозатномаҳои корӣ, раводид, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, иҷозат барои истиқомат — … ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо ба муҳлати 90 рӯз дароз карда мешаванд.

Илова бар ин сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия шарҳ додааст, ки ҳуҷҷатҳое, ки ҳоло дар дасти муҳоҷирон қарор доранд, бекор карда намешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар муддати муқарраршуда корфармоёни Русия метавонанд хориҷиёнро барои кор бидуни ҳуҷҷати иҷозатномаи кор ҷалб кунанд.

Ёдрас мешавем, ки 18 апрел сарвазири Русия Михаил Мишустин як қарори ҳукуматро имзо кард, ки бар асоси он мӯҳлати будубоши шаҳрвандон дар ин кишвар  90 рӯз ба таври автоматӣ дароз карда шуд.

Гуфта мешавад, тасмими мазкур барои дастгирии муҳоҷирон дар шароити душвори пешомада мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *