Ҳафтаи гузашта расонаҳо дар бораи харидорӣ шудани ҳавопаймои раисҷумҳури Мексика аз ҷониби Тоҷикистон хабар доданд. Ин ҳавопаймо барои раисҷумҳури Тоҷикистон бо қимати 92 миллион доллар харидорӣ шудааст. Ҳол он ки раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамвора дар бораи сарфакорӣ таъкид менамояд. Гузашта аз ин дар зимни сафари ахираш Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ноустувории амнияти ғизоӣ дар ҷаҳон хабар дод.
Эмомалӣ Раҳмон тайи ин сафараш ба баъзе аз навоҳии вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара гуфт, бар асоси Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ дар соли 2023 боз ҳам сангинтар хоҳад шуд. Дар ин зимн ӯ яке аз сабабҳои сафараш ба вилояти Хатлонро ба ин гуна арзёбиҳои созмонҳои ҷаҳонӣ рабт дод[1].
Дар ҳоле ки раисҷумҳури Тоҷикистон равандҳои ҷаҳониро таҳлил мекунад, биёед, рӯ биёрем ба расонаҳои байналмилалӣ, ки дар робита ба амалҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ин шабу рӯз чӣ мегӯянд ва чӣ таҳлилеро дар ин хусус мунташир кардаанд. “Раисҷумҳури гадои Тоҷикистон назди хайирини ғарбии худ посухгӯ хоҳад буд. Хазинаи Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳадде тиҳӣ аст, ки он танҳо наметавонад ба мардуми худ ғизо диҳад ё онҳоро бо оби ошомиданӣ таъмин намояд. Аммо он пули кофие барои харидории як ҳавопаймо ба раисҷумҳураш меёбад[2]”, — менависад “Евроазия нет”-и Амрико.
Дар зимн назаре барои дарёфти кумакҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз созмону давлатҳои хориҷӣ ба номи мардум хеле муҳим аст. Аммо қабл аз он ки ба ин масъала руҷуъ шавад, бояд гуфт, созмонҳои ҷаҳонӣ коҳиши шохисҳои зиндагӣ дар Тоҷикистонро ба оғози ҳамлаи Русия ба Украина пайванд медиҳанд. Коҳиши зиёди ирсоли маблағи муҳоҷирин аз Русия, риски таваррум мутобиқ ба як арзёбӣ[3], ҳудуди 800 ҳазор нафарро дар ҳоли ноамнии шадиди ғизоӣ қарор хоҳад дод.
Дар ин замина буд, ки Оҷонсии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё ЮСАИД дар моҳи феврали имсол эълон кард, барои кӯмаки оилаҳои осебпазир Тоҷикистонро 13 миллион доллар кумак хоҳад кард[4].
Ин ниҳод гуфт, ин пул 270 ҳазор кӯдак, 240 ҳазор зани ҳомиладор ва модарони дорои фарзанди ширхорро кумак мекунад, то ба хадамоти таҳияи озуқа дастрасӣ дошта бошанд. Аммо ин мизони кумак дар қиёс бо 92 миллион доллар ночиз аст, ки Тоҷикистон феълан дар ҷиҳати харидории як ҳавапаймо аз Ҳукумати Мексика барои Эмомалӣ Раҳмон масраф мекунад. Ин харидуфурӯш бар маҳзи хоксории дафтари раёсатҷумҳурии президенти Мексика Андрес Мануел Лопез Обрадор фош шуд, ки ин хабарро дар “Твиттер” гузошт[5].
“Бо ин маблағ ду беморхонае маблағгузорӣ мешавад…, ки аз тарафи муҳандисони низомӣ сохта ва қабл аз ба охир расидани муҳлатии раёсатҷумҳурии ман ифтитоҳ хоҳанд шуд”, — гуфт Лопез Обрадор.
Натиҷа ин аст, дар ҳоле ки Тоҷикистон ба умеди пулҳои Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳост, то шаҳрвандони худро сер кунад, Мексика пулҳои тоҷиконро сарф менамояд, то беморҳои худро даво бахшад.
Бо он ки иқтисоди Тоҷикистон осебпазир аст, Душанбеи расмӣ кумакҳои мухталиферо дарёфт менамояд, аммо дар робита ба иҷрои тааҳҳудоташ дар ҷиҳати ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ кам амал кардааст ё умуман ин уҳдадориҳояшро иҷро накардааст.
Дар моҳи октябр раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Чарлз Мишел барои ширкат дар нишасти Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба Остонаи Қазоқистон рафт. Ҳама сарони давлатҳои минтақа дар он ҳузур доштанд.
Мишел бо истифода аз фурсат оғози лоиҳаеро ба унвони Пайванди энержии пойдор дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кард, ки ба назари сиёсатмадорони аврупоӣ[6], барои “тақвияти сиёсати миллии гузор ба системаи энержии пойдор ва тавсеаи сармоягузорӣ, зарфият ва энержии таҷдидпазиру муассир” буд.
Дар зимни ин иқдом Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон 29 миллион грант дод. 14 миллион доллар аз ин грант барои таъмини деҳот бо оби нӯшиданӣ ҷудо шуд.
Дигаре аз ҳадафҳои Тоҷикистон талош барои такмили сармояи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аст[7]. Тоҷикистон умед дорад, ки рӯзе “Роғун” энержии кофие тавлид хоҳад кард, ки иҷозат медиҳад, бар изофаи дигар кишварҳо дар ҳаҷми бузурге ба Афғонистону Покистон нерӯи барқ содир намояд. Соли гузашта Душанбеи расмӣ эълон кард, ки имкони иҷрои пурраи ин лоиҳа бо харҷи 8 миллиард доллар вуҷуд дорад, корҳои боқимонда дар он ниёз ба на камтар аз панҷ миллиард доллар доранд.
Теъдоди каме аз сармоягузорони хориҷӣ барои ширкат дар сармоягузории як кори бузурги ғарқ дар адами шаффофият таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Ҳатто ширкатҳои русӣ, ки бо булҳавасии тиҷорат дар Тоҷикистон ошно ҳастанд, аз ҳамкорӣ дар ин хусус худдорӣ карданд. Тарҳи бунёди “Роғун” ба соли 2004 бармегардад, ки дар он сол “Русал”, ғули саноатии Русия аз ин кор канор зада шуд[8] ва он ҳам ба ин далел буд, ки гуфта мешуд, ин ширкати русӣ шартҳои қарордодро нақз кардааст.
Дар соли гузашта Иттиҳоди Аврупо хабар дод, ки эҳтмол дар ширкат дар тарҳи “Роғун” манфиатдор бошад. Дар моҳи июл ниҳоди сармоягузори он — Бонки сармоягузории Аврупо дар суҳбат бо хабаргузории “Рейтерз” гуфт, ин бонк аз сӯйи Кумиссюни Аврупо ташвиқ шудааст, ки бузургтарин сармоягузор дар “Роғун” бошад[9]. Ҳоло дар ин замина мавқеи рӯшане иброз нашудааст, аммо ин ки вобастагии Тоҷикистон аз Русия ва иқдоми чинии “Як камарбанд – як роҳ” бояд коҳиш ёбад, як ҳадафи эълоншуда барои Аврупо аст.
Он чизе, ки шояд ба рушди Тоҷикистон рабт дорад, ин аст, ки дар моҳи январ Тоҷикистон туҳфаи дигаре дарёфт кард. Ин замоне буд, ки Бонки Ҷаҳонӣ бурсияи 15-миллиондоллариеро барои “чаҳорчӯбҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ”-и тарҳи “Роғун” таъйид кард[10].
12 январ Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, “ин грант киро кардани коршиносони амнияти сарбанд, муҳити зист ва чаҳорчӯбҳои иҷтимоӣ барои таъмини лавозими заруриеро, ки тарҳи мазкурро посухгӯ ба талаботи саноатӣ менамоянд, шомил мешавад”.
Ба ибораи содатар Бонки Ҷаҳонӣ бо ин пешниҳод барои он зоҳир шуд, ки муҳандисони тоҷик сарфаҷӯӣ намоянд. Дар моҳи декабр ҳайати вомдиҳанда пардохти панҷоҳмиллиондалиеро барои тақивияти бахши кишоварзии ин кишвар таъйид кард[11]. Як моҳ баъд ба дунболи он ин бонк гуфт, ки дар ҳоли иҷоза додани ироаи як бастаи 50-миллиондолларии дигар барои роҳандозии барномаи ислоҳотӣ “бо ҳадафи кумак ба тақвият ва эҳёи рушди иқтисодӣ” ба Тоҷикистон аст[12].
Ҳамчунин кумаки дигаре низ, ки 50 миллион доллар аст, дар моҳи феврали имсол барои “тақвияти таълим ва омӯзиш дар макотиби ҳамагонии Тоҷикистон” таъйид шуд[13].
Агар механизме барои риояти ислоҳот ва фароҳам кардани шароит дар ҷиҳати ин ки ин пулҳо ба бероҳа масраф намешаванд, вуҷуд дошта бошад ҳам, Бонки Ҷаҳонӣ дар ин хусус иттилое надодааст.
Моҳи гузашта Бонки Ҷаҳонӣ аз кумаки дигаре рӯнамоӣ кард, ки он 35 миллион доллар аст.[14] Ин лоиҳа барои кумак “ба хонаводаҳои фақир ва осебпазир аз шокҳои иҷтимоию иқтисодӣ” гуфта мешавад. Як ниҳоди вобаста ба Бонки Ҷаҳонӣ мавсум Сандуқи сармоягузории тасҳилоти молӣ барои Тоҷикистон 2,5 миллион доллари дигар ҷудо кардааст.
Тавре Бонки Ҷаҳонӣ шарҳ додааст, ин маблағ барои таҷдиди системаи кумаки иҷтимоӣ аст, ки барои коҳиши фақр хеле муҳим хоҳад буд.
“Феълан қамтар аз 0,5 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ барои барномаҳои кумаки иҷтимоӣ ихтисос ёфтааст. Ҳол он ки ин мизони миёнаи ин кумак дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ 1,75 дарсад аст,”-гуфтааст Бонки Ҷаҳонӣ[15].
Мутобиқи иттилои Бонки Ҷаҳонӣ 0,5 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар як сол ҳудуди 43,5 миллион доллар аст[16], ҳатто баробар ба нисфе аз арзиши тайёраи истифоданамудаи раисҷумҳури Мексика нест.
Чунин масорифи беҳуда дар Тоҷикистон як раванди маъмулӣ аст. Дар соли 2020, дар авҷи коронавирус Ҳукумати Тоҷикистон миллионҳо доллар кумаки байналмилалӣ барои таҷҳизоти ҳифозатии хусусӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва омӯзишӣ барои мубориза бо КОВИД дарёфт кард. Дар ҳоле ки вирус доман паҳн мекард, мақомот нерӯву маболиғи зиёдеро барои таҷлил аз Наврӯз масраф карданд[17].
Дар ҳоле ин бастаҳои мутаассили кумакӣ ба Тоҷикистон сарозер мешаванд, ки режими авторитарии Тоҷикистон ба касе иҷоза намедиҳад, то аз ҳукумат интиқод кунад. Чеҳраҳои зиёде аз мухолифин зиндонӣ шуданд, баъзан онҳо ғайриқонунӣ аз хориҷ дуздида мешаванд[18].
Дар ҳамин ҳол, Темур Умаров, як коршиноси умури Осиёи Марказии Маркази Авруосиёи Карнегияи Русия гуфтааст, эҳтимол саховатмандии беқайду шарти Ғарб ба Тоҷикистон ба манзури коҳиши вобастагии ин кишвар аз Русия аст.
Ин коршинос гуфтааст, “ба муроҷиатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи вобастагии онҳо ба Русия кишварҳои ғарбӣ бо грант посух дода истодаанд ва бо ин онҳо нишон доданӣ ҳастанд, ки омодаи коҳиши вобастагӣ мебошанд”[19].
Аммо масъалаи дигар ин беобрӯ кардани кишвар ва ҷомеа аст, зеро ҳич як гадое обрӯ надоштааст. Бо чунин ҳол аз номи мардуми Тоҷикистон кишвар кумак дарёфт менамояд, аммо пулҳо барои рифоҳи касоне масраф мешаванд, парвои ҷомеа надоранд. Баръакс натиҷаи муассир надодани ин кумакҳо моро бечоратар ва бадномтар дар назди ҷомеаи байналмилалӣ менамояд.
Пайванди манбаъҳои истифодашуда:
[1] https://docs.google.com/document/d/1r4JxjIMo-C6T464aPBM9Mm1Zt5v4m-IP4RYqjfkqxoQ/edit
[2] https://eurasianet.org/tajikistan-pleads-poverty-spends-money-on-unneeded-luxuries
[3] https://www.wfp.org/news/funding-usaid-helps-wfp-respond-rising-food-insecurity-tajikistan
[4] https://www.usaid.gov/news-information/press-releases/feb-17-2023-usaid-provides-13-million-address-food-insecurity-tajikistan
[5] https://twitter.com/lopezobrador_/status/1649216726125658112
[6] https://www.eeas.europa.eu/delegations/kazakhstan/european-union%E2%80%99s-new-project-boost-sustainable-energy-central-asia_en?s=222
[7] https://eurasianet.org/tajikistan-families-freeze-while-energy-independence-chimera-remains-ever-distant
[8] https://eurasianet.org/russian-aluminum-giant-pries-open-books-at-tajikistans-largest-factory
[9] https://www.reuters.com/article/ukraine-crisis-eu-tajikistan-idAFL8N2YM2FR
[10] https://www.worldbank.org/en/news/press-release/2023/01/12/tajikistan-to-improve-the-rogun-hydropower-project-implementation-with-world-bank-technical-assistance
[11] https://www.worldbank.org/en/news/press-release/2022/12/22/tajikistan-to-address-food-and-nutrition-insecurity-with-world-bank-support
[12] https://eurasianet.org/tajikistan-pleads-poverty-spends-money-on-unneeded-luxuries
[13] https://www.worldbank.org/en/news/press-release/2023/02/23/tajikistan-education-outcomes-to-improve-with-support-from-new-world-bank-project
[14] https://www.worldbank.org/en/news/press-release/2023/03/24/tajikistan-to-modernize-its-social-protection-systems-to-better-support-citizens-with-world-bank-assistance
[15] https://eurasianet.org/tajikistan-pleads-poverty-spends-money-on-unneeded-luxuries
[16] https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/overview
[17] https://eurasianet.org/tajikistan-feast-in-the-time-of-coronavirus
[18] https://eurasianet.org/tajikistan-opposition-activist-reveals-details-of-state-ordered-kidnapping
[19] https://eurasianet.org/tajikistan-pleads-poverty-spends-money-on-unneeded-luxuries