Categories Хабарҳо

Нерӯҳои укроинӣ дар як ҳамлаи муваффақ қисмате аз Баҳмутро озод карданд

Дар натиҷаи ҳамлаи Неруҳои дифоъии Укроин дар наздикии Баҳмут, бахше аз хоки ин кишвар озод шудааст. Нерӯҳои русӣ шикаст хӯрда ва рӯ ба фирор оварданд. Ҳамчунин шуморе асир афтодаанд. Дар ин бора Андрей Белитский, фармондеҳи гурӯҳи тактикии «Азов», ки бахше аз Тайпи (бригадаи) севуми таҳоҷумии Неруҳои мусаллаҳи Укроин мебошад, хабар додааст.

Дертар Тайпи севуми таҳоҷумии Неруҳои мусаллаҳи Укроин ин хабарро таъйид кард. 

“Дар натиҷаи ҳамлаи муваффақи Тайпи севуми таҳоҷумии Неруҳои мусаллаҳи Укроин ягонҳои тайпи 72-и Федератсияи Русия шикаст хӯрданд, гурӯҳонҳои (ротаҳо) 6 ва 8-и ин тайп комилан нобуд карда шуданд, тайпи ҷосусӣ шикаст хӯрд”, — мегӯяд Белитский.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ «теъдоди қобил таваҷҷуҳе аз худравҳои зиреҳпӯш нобуд карда шуда ва теъдоде аз ғосибон асир шуданд”. 

Фармондеҳи “Азов” афзуд, ки ба Гурӯҳи севуми таҳоҷумии “Вагнер” низ хисороти сангини ворид шудааст. 

Белитский гуфт: “амалиёти таҳоҷумӣ дар дарозии 3 километр ва умқи 2.6 километр анҷом шуд ва кулли қаламрав ба таври комил аз неруҳои ишғолгари Русия озод шуд”. 

Тайпи севуми таҳоҷумии Неруҳои мусаллаҳи Укроин низ таъйид кард, ки тайпи 72-и Неруҳои мусаллаҳи Русия аз мавқеъаш дар наздикии Баҳмут фирор кардааст. 

Пештар, ин хабар аз тарафи Русия тавассути  Пригожин эълом шуда буд. Фирори тайпи русӣ аз ҷумла ба далели ҳамлаҳои муваффақиятомези Тайпи севуми таҳоҷумии Укроин буд, ки гузориш медиҳад ҳадди ақал 64 ғосибро аз байн бурда, ҳадди ақал 87 нафар захмӣ ва панҷ нафари дигар асир шуданд. 

Ин тайп ҳамчунин аз тарконидани чандин анбори муҳиммоти Неруҳои мусаллаҳ Русия, хумпора (миномет) ва худравҳои размии пиёданизом (БМП) хабар дод. Гуфта мешавад набард идома дорад ва дар ояндаи наздик ин тайп наворҳое аз ҳамалот ба мавзеъҳои артиши Русияро нашр хоҳад кард. 

Маълум нест ҳамла дар Баҳмут шурӯъи зидҳамлаи нерӯҳои Укроин, ки моҳҳост аз он сухан меравад буд, ё танҳо як амалиёти ҷудогона. 

Дар ҳамин ҳол Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрика гуфтааст Укроин тамоми таслиҳот ва манобеъи лозимро барои озодсозии манотиқи худ дар ҷараёни зидҳамла дар ихтиёр дорад. Ин баёнияи Блинкен дар ҷараёни як ҷаласаи муштарак бо вазири умури хориҷаи Бритониё Ҷеймз Кловерли 9 май садо додааст. 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *