Рубрики Хабарҳо

Муттақӣ: иҷозаи истифода аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеҷ кишвареро намедиҳем

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи давлати муваққати Толибон гуфт, ки иҷоза намедиҳанд Таҳрики Толибони Покистон аз хоки Афғонистон алайҳи Покистон истифода кунад. 

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷаи давлати муваққати Толибон дар Афғонистон тайи суханоне дар муассисаи мутолиоти стратегии Исломобод изҳор дошт: “Афғонистон, Чин ва Покистон мутааҳҳид шудаанд, ки иҷозаи истифода аз хок ё ҳарими ҳавоии худ алайҳи якдигарро надиҳанд”. 

Вай бо ишора ба танишҳо миёни Покистон ва Таҳрики Толибони Покистон, гуфт: “ин мавзӯъ пеш аз ба қудрат расидани мо низ собиқаи тӯлонӣ дошт. Ба Таҳрики Толибони Покистон иҷоза надода ва намегузорем аз хоки Афғонистон алайҳи Покистон истифода кунад”. 

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи давлати муваққати Толибон дар бораи ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон муддаӣ шуд: “ҳеҷ гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон вуҷуд надорад. Мо ҳаргиз ба касе иҷоза намедиҳем, ки аз хоки Афғонистон алайҳи дигарон истифода кунад ва дар ин замина дар солҳои гузашта муваффақ будаем”. 

Муттақӣ ҳамчунин аз идомаи талошҳо барои бозкушоии сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобул хабар дода ва ҳузури намояндагони давлати ҳозира дар конфронсҳои байналмилалиро муҳим донист. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *