Рубрики Хабарҳо

Имрӯз рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё маълум мешаванд

Имрӯз, 11 май дар Доҳа, пойтахти Қатар маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешавад, ки дар он рақибони дастаи мунтахаби  Тоҷикистон муайян мегарданд.

Дар маросими қуръакашӣ намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва менеҷери дастаи мунтахаби миллии ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Дар ҷараёни қуръакашии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабади чаҳорум қарор дорад ва дақиқан дар қисми ниҳоии мусобиқот бо ҳеҷ кадом аз шомилони ин сабад — Ҳиндустон, Тайланд, Малайзия, Ҳонконг ва Индонезия дар як гурӯҳ бозӣ намекунад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини дар зинаи сеюм қарордошта ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбад.

Ҷоми ҳаждаҳуми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Оғози қуръакашӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе эълон шудааст.

Таркиби сабадҳо барои қуръакашии қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2023:

Сабади 1:

Қатар
Ҷопон
Эрон
Кореяи Ҷанубӣ
Австралия
Арабистони Саудӣ

Сабади 2:

Ироқ
АМА
Уммон
Узбекистон
Чин
Урдун

Сабади 3:

Баҳрайн
Сурия
Фаластин
Ветнам
Қирғизистон
Лубнон

Сабади 4:

Ҳиндустон
Тоҷикистон
Таиланд
Малайзия
Ҳонконг
Индонезия

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *