Рубрики Хабарҳо

Дар Узбекистон корзори интихоботӣ шурӯъ шуд

Комиссияи марказии интихоботи Узбекистон дар ҷаласае, ки дирӯз, 10 май баргузор гашт, оғози корзори интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳуриро, ки қарор аст дар 9 июл баргузор шавад, эълом кард. 

Баҳром Кучқоров ноиби раиси Комиссияи марказии интихобот дар ин нишаст гуфт, ҳизбҳо бояд то 13 май барои сабти номи намояндагони худ иқдом кунанд ва ҳуҷҷатҳоро барои ширкат дар интихобот то 15 май пешниҳод намоянд. 

Пешниҳоди номзадҳо тавассути аҳзоб бояд аз 17 май то 1 июн сурат гирад. Ҳуҷҷатҳо барои сабти номи номзадҳо бояд то 2 июн ба КМИР ироа шавад. Сабти ном бояд то 6 июн ба поён расад. 

Гуфтанист, танҳо аҳзоб сиёсӣ ҳақ доранд номзад ба раёсатҷумҳуриро пешниҳод кунанд. Дар Узбакистон панҷ ҳизб сабт шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *