Рубрики Хабарҳо

Сармоягузории хориҷӣ дар Узбекистон пас аз ислоҳоти иқтисодӣ 10 баробар шудааст

Ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ дар Узбекистон тайи 6 соли гузашта ба беш аз 10 баробар расидааст. 

Ислоҳоти густурдаи соли 2017, ки бо ҳадафи кушоиши иқтисодӣ дар ин кишвар анҷом шуд, дар ҷалби сармояи хориҷӣ муваффақ буда ва даромади сармоягузорон низ дар ҳоли афзоиш аст. 

Модерн кардани кишоварзӣ бо сармояи амрикоӣ 

Ширкати Силверлайфи (Silverleafe) Иёлоти муттаҳида дар ноҳияи Ҷиззахи Узбекистон пахта мекорад. Тамоми корҳо, аз кишт то ҷамъоварӣ сад дар сад худкор (автоматӣ) аст. Ин ширкат имсол фановарии тозаеро дар Узбекистон ба кор хоҳад гирифт, ки имкони пайгирии комили ҷамъоварии худкори пахтаро медиҳад. 

Таҷҳизоти ин корхона аз Амрико меояд. Раисҷумҳури Узбекистон соли 2018 аз Дэн Петерсон, мудиръомили Силверлайф даъват кард то бо модерн кардани кишоварзии ин кишвар, нақши муҳиммеро дар ислоҳоти он бар ӯҳда бигирад. 

Ширкати Silverleafe маҷмӯъан 40 миллион доллар дар Узбекистон сармоягузорӣ кардааст ва Дан Петерсон мудиръомили он мегӯяд: “зерсохту муҳити ҷалби сармояٔи хориҷиро барои баҳрабардорӣ аз манобеъ ва нерӯи кор ин ҷо фароҳам кардаанд. 60 дарсади ҷамъияти ин кишвар зери 30 сол доранд, ва ин барои ҷобаҷойии касбу кор ва сармоягузорӣ фурсати фавқулодае аст.” 

Қарзҳои аврупоӣ барои тавсеаи бахши энержӣ 

Бонки Аврупоӣ Тавсеа ва Рушд тайи панҷ соли гузашта маблағи 3 миллиард евроро дар беш аз сад тарҳи муҳимми иқтисодии Узбекистон ба вижа дар энержиҳои пойдор сармоягузорӣ карда. Аз ҷумла дар нахустин нерӯгоҳи хуршедии Узбекистон. Ин кишвар тайи се соли ахир дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна бештарин вомро аз ин банк гирифтааст, раванде, ки интизор меравад идома пайдо кунад. 

Иқдомоте мисли озодсозии қурби арзи миллӣ, тасвиби қонуни шарикии бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ, роҳбурди иқтисоди сабз то соли 2030, идомаи раванди хусусисозии бонкҳо ва муассисоти молии давлатӣ ислоҳоте буданд, ки барои ба сармоягузорони хориҷӣ ошкоро аз ниёз ва тавону пойбандии ин кишвар барои ислоҳот хабар медиҳад. 

Тавсеаи зерсохти диҷитол бо сармояи хориҷӣ 

Ҳавзаи фановариҳои нав низ барои сармоягузорони хориҷӣ дар Узбекистон ҷаззоб аст. Sturgeon Capital нахустин ширкате буд, ки ба думболи баҳрабардорӣ аз ин қобилият баромад, ва дар соли 2020 барои тақвияти зерсохти диҷитол ва стартапҳои Узбекистон 25 миллион доллар сармоягузорӣ кард. 

Киан Зандий, раиси ин ширкати сармоягузорӣ мегӯяд: “аз се ҳавзаи тамаркузи кори мо, аввал фановариҳои нав ва дувуми бозор аст, ки шомили тиҷорати электироник ва нармафзор мешавад. Аз замони сармоягузории мо миёнгини даромади ин ширкатҳои навпо тақрибан се баробар шуда ва мо мӯътақидем, ки ҳанӯз роҳи зиёде дар пеш аст.” 

“Белз” нахустин стартапи Узбекистон буд, ки ширкати Sturgeon Capital дар он сармоягузорӣ кард. Маҳсули ин ширкат нармафзоре аст барои мудирият ва афзоиши фурӯш дар чаканафурӯшиҳо. Ин нармафзор то кунун дар 4 кишвар ба кор гирифта шуда ва сармоягузории бештаре ҷазб кардааст. 

Ҳаҷми сармояи хориҷӣ дар Узбекистон дар солҳои ахир афзоиши чашмгире ёфта, ва ҳадафи давлат он аст, ки то 4 соли оянда беш аз 100 миллиард евро сармоя ҷазб кунад. Судури осони виза, дарёфти молиёти кам ва шумори зиёди таҳсилкардагон аз ҷумлаи далоили ҷазби сармояи хориҷӣ дар ин кишваранд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон натавониста дар ҳеҷ як аз барномаҳои иқтисодии худ сармоя ҷалб кунад. Танҳо бахше, ки кигвар тавониста сармояи чашмгирӣ хориҷиро ҷалб созад, бахши истихроҷи маъодин аст, ки бидуни коркард содирот мешавад. Ва сармоягузору воридкунандаи ин маъодин низ ҳам якест — Чин.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *