Рубрики Хабарҳо

Фаронса хоҳони қарор додани гурӯҳи Вагнер дар листи террористии Аврупо шуд

Парлумони Фаронса дар қатъномае аз Иттиҳодияи Аврупо хост гурӯҳи Вагнерро дар листи террористӣ қарор диҳад. Бритониё низ қарор аст гурӯҳи Вагнерро расман ба унвони як созмони террористӣ табақабандӣ кунад. 

Парлумони Фаронса бо аксарияти оро, қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он аз Иттиҳодияи Аврупо хоста шудааст гурӯҳи шибҳинизомии русӣ Вагнерро ба иттиҳоми иртикоби ҷиноёти ҷангӣ дар Укроин ва Африқо дар листи гурӯҳҳои террористии иттиҳодия қарор диҳад. 

Ин қатъномаи “ғайри илзомовар”, бо баршумурдани бархе аз иқдомоти гурӯҳи шибҳинизомии русии Вагнер алайҳи шаҳрвандони ғайринизомӣ дар Укроин, хостори қарор гирифтани ин гурӯҳ дар феҳристи Созмонҳои террористии Иттиҳодияи Аврупо шудааст. 

Намояндагони парлумони Фаронса умедворанд, ки тасвиби ин қатънома Иттиҳодияи Аврупоро ба афзудани ин гурӯҳ ба феҳристи созмонҳои террористӣ ташвиқ кунад ва аз ин тариқ, фишорҳои молӣ алайҳи аъзои ин гурӯҳ ва ҳомиёни он бештар шавад. 

Дар ҳамин ҳол Бритониё низ қарор аст ба манзури афзоиши фишор бар Русия, нерӯҳои гурӯҳи шибҳинизомии Вагнерро расман дар феҳристи созмонҳои террористи табақабандӣ кунад. 

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, қарор гирифтани гурӯҳи Вагнер дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Бритониё, эҳтимолан тайи чанд ҳафтаи оянда амалӣ хоҳад шуд ва бар асоси он, таблиғ ё ширкат дар ҷаласот ва ё ҳамли аломати ин гурӯҳ дар ин кишвар, ҷурм маҳсуб хоҳад шуд. 

Аз ҷумла натоиҷи қарор гирифтани гурӯҳи Вагнер дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ, фаротар аз фишори сиёсӣ бар ҳомиёни Русия, таҳримҳои молӣ хоҳад буд ва ин гурӯҳ тавоноии худ барои мубодилоти молӣ дар хоки Бритониёро низ аз даст хоҳад дод. 

Гурӯҳ Вагнер, як созмони низомии хусусии муртабит бо давлати Русия аст, ки бо ҷалби довталабон ва мушорикат дар ҷангҳои ниёбатӣ, нақши муҳимме дар амалиёти ин кишвар дар шарқи Укроин, ба вижа дар шаҳри Бахмут ва дар минтақаи санъатии Донбасс ифо кардааст. 

Бо вуҷуди ин, Евгений Пригожин, фармондеҳи гурӯҳи низомии Вагнер чанд рӯз пеш зимни интиқод аз раҳбари низомии Русия дар шаҳри Баҳмути Укроин, таҳдид карда буд, ки ба далели камбуди муҳиммот, нерӯҳояшро то рӯзи чаҳоршанбе аз ин шаҳр хориҷ хоҳад кард. 

Чанде пеш, парлумони Литва низ қатъномаи мушобеҳиро ба тасвиб расонда ва гурӯҳи Вагнерро як “Созмони террористӢ” эълом карда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *