Рубрики Хабарҳо

Афзоиши 40-дарсадии муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия

Идомаи ҷанг ва таҳримҳо алайҳи Русия монеъи муҳоҷирати кории тоҷикон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ба ин кишвар нашудааст. Семоҳаи аввали соли 2023 вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия афзоиши чашмгире доштааст. Дар ин бора дар Хадамоти федеролии омори давлатии Русия иттилоъ дода мешавад.

Тоҷикон бо нишондиҳандаи 350 ҳазор нафар дувумин мавқеъ байни кишварҳои муҳоҷирфиристанда ба Русияро ба худ ихтисос додааст. Ин нишондиҳанда бо афзоиши 40 дарсадӣ ё 100 ҳазорнафарӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта, баъди Узбекистон аст.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Русия беш аз 630 ҳазор барои дарёфти кор рафтаанд, ки 72 дарсад ё 264 ҳазор нафар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Аммо бо дарназардошти ин, ки аҳолии Узбекситон чаҳор баробар бештар аз Тоҷикистон аст, метавон гуфт, ки дарсади аз ҳама бештари аҳолии Тоҷикистон барои кор ба Русия муҳоҷират кардаанд. 

Баъди Тоҷикистону Узбекситон ҳамсояи дигари ин ду кишвар Қирғизистон қарор дорад, ки ҳудуди 173 ҳазор нафарро барои кор ба Русия фиристодааст. Арманистон бо беш аз 47 ҳазор нафар ва Қазоқистон ҳудуди 35 ҳазор нафар шомили панҷгонаи таъминкунандагони қувваи кории аслии Русия шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, беш аз 516 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафҳои мухталиф (тиҷоратӣ, сайёҳӣ, хусусӣ, таҳсил, сафарҳои транзитӣ ва ғайра) ба қаламрави Русия ворид шуданд.

Аксари онҳо (ҳудуди 364 ҳазор нафар) ба қаламрави Русия тавассути нақлиёти ҳавоӣ, 130 ҳазор нафар тавассути автомобил, беш аз 16 ҳазор нафар тавассути роҳи оҳан ворид шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора аз афзоиши ҷойҳои корӣ ва боло рафтани сатҳи зиндагӣ дар кишвар лоф мезананд, аммо 10 соли охир раванди муҳоҷирати корӣ ва дарёфти шаҳрвандии Русия аз тарафи тоҷикон афзоиши геометрӣ доштааст.

Тибқи омори Русия, дар семоҳаи аввали соли 2023 қариб 1 миллиону 300 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вориди Русия шудаанд, ки ҳадафи сафари худро “кор” қайд кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаҳои се моҳи аввали соли гузашта 1,6 маротиба бештар аст. Дар семоҳаи аввали соли гузашта, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 840 000 хориҷӣ марзро убур кардаанд.

Соли 2022 ҳудуди 3,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ барои кор вориди Русия шудаанд, ки ҳудуди 987 ҳазор нафарро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *