Рубрики Хабарҳо

Амрико Африқои Ҷанубиро ба таъмини силоҳ барои Русия муттаҳам кард

Сафири Амрико дар Африқои ҷанубӣ ин кишварро муттаҳам кардааст, ки ба рағми эъломи бетарафӣ дар ҷанги Укроин, барои Русия ҷангафрӯз таъмин кардааст. 

Рубин Бригетти, сафири Амрико, муддаӣ шудааст, ки як киштии Русия, ки дар декабри гузашта дар Кейптаун паҳлу гирифта буд, муҳиммот ва силоҳ боргирӣ карда буд. 

Сирил Рамафоса, раисҷумҳури Африқои Ҷанубӣ, ба парлумони ин кишвар гуфтааст, ки давлаташ ин иддаоҳоро баррасӣ мекунад. 

Дафтари раёсатҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ гуфтааст мустанадот ва шавоҳиде барои ин иддао ироа нашудааст. 

Африқои ҷанубӣ дар бораи ҷанги Укроин эъломи бетарафӣ кардааст. 

Рубин Бригетти гуфта Амрико нигарони идомаи бетарафии Африқои Ҷанубӣ нисбат ба таҳоҷуми Русия ба Укроин аст. Ў мегӯяд “итминон” дорад, ки як киштии Русия, ки декабри гузашта дар бузургтарин қароргоҳи баҳрии Африқои Ҷанубӣ паҳлу гирифта буд “таслиҳоту муҳиммот” боргирӣ карда буд. 

Ҳузури киштии русӣ дар Африқои Ҷанубӣ дар ҳамон замон ҳам суолбарангез буд ва сиёсатмадорони маҳаллӣ саволҳое дар бораи он тарҳ карданд. 

Сафири Амрико дар Африқои ҷанубӣ гуфтааст: “силоҳ додан ба Русия бисёр ҷиддӣ аст ва ин масъала аз назари мо ҳалшуда нест.” 

Давлати Африқои Ҷанубӣ гуфтааст як ҳайати таҳқиқи мустақил ташкил дода то иттиҳоми ироаи ҷангафрӯзро баррасӣ кунад. Бино бар эъломи сухангӯи дафтари раёсатҷумҳурӣ як қозии бознишаста раҳбарии ин ҳайатро ба ӯҳда дорад. 

Амрико пеш аз ин низ аз идомаи равобити наздики Африқои Ҷанубӣ ва Русия интиқод кардааст. Аз ҷумла мушорикати Африқои ҷанубӣ дар манёврҳои низомии муштараки Русия ва Чин дар солгарди ишғоли Укроин интиқоди Амрикоро ба думбол дошт. 

Манёври баҳрии муштарак бо Русия даҳ рӯз тӯл кашид ва мухолифони давлати Африқои Ҷанубӣ аз он интиқод карданд ва мегуфтанд чунин коре метавонад ба маънии ҳимоят аз ҳамлаи Русия ба Укроин қаламдод шавад. 

Мақомҳои давлат доштани паёми сиёсии манёвр бо Русияро рад карданд ва гуфтанд Африқои Ҷанубӣ манёврҳои мушобеҳе бо Фаронса ва Амрико ҳам баргузор кардааст. 

Африқои Ҷанубӣ дар як раъйгирии Созмони милал барои маҳкумияти ҳамлаи Русия ба Укроин раъйи бетараф дод. Ин кишвар ҳамчунин бо Амрико ва Аврупо дар таҳрими Русия ҳамроҳ нашудааст. 

Бархе аз дигар кишварҳое, ки бо Амрико робитаи наздики тиҷорӣ ва сиёсӣ доштаанд ҳам дар ҷанги Укроин бо Амрико ва Аврупо ҳамроҳ нашудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *