Рубрики Хабарҳо

Соима Саидова: «Зиёие, ки ҳаққи озодии баён надошта бошад, зиё надорад»

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон санаи 19 март зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар ба баҳси тоҷикӣ ё форсӣ номидани забони мардуми тоҷик дахл намуда гуфт, «мо забони давлатиамонро — «забони тоҷикӣ” ва номи давлатамонро «Тоҷикистон” эълон намудем.” Президенти кишвар аз зиёиён даъват кард, ки «андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтааанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеъона маҳкум кунед.” Аммо Эмомалӣ Раҳмон ошкор нагуфт, ки киҳо ва чигуна шахсон ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд ва дину мазҳаби худро ба бегонагон фурӯхтаанд.

Сомонаи иттилоотӣ ва таҳлилии Паём аз соҳибназарон пурсид, ки киҳоро метавон дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхта номид ва киҳо ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд ва сазовори маҳкум шудан ҳастанд?

 

Абдуманнон Шералиев, рӯзноманигор, фаъоли иҷтимоъӣ: Ростӣ, ё ман ин мавзӯъро намефаҳмам, ё он воқеъан аҷибулғариб аст. Нашунидаву нахондаам, ки қаблан чунин мавзӯъ дар кадом аср ва гӯшаи замин бардошта шуда бошад. Яъне нафаре ё гурӯҳе ба худ ин ҳақро қоил шуда бошанд, ки соҳиби як миллатанд ва онҳоянд, ки муайян мекунанд  ҳақи маънавии (инаш боз аҷибтар) шомили он миллатро кӣ дораду кӣ надорад.
Аз тарафи дигар, раисҷумҳур, ки ба зиёиён супориш дод онҳоеро, ки ҳақи маънавии тоҷик буданро надоранд маҳкум кунанд, муайян накард, ки  кӣ чунин ҳақро надорад. Яъне пайдо кардани онҳо низ ба дӯши зиёиён гузошта шуд. Фаразан онҳо нафаре пайдо карданд, ки ба назарашон ҳақи тоҷик буданро надорад ва ӯро маҳкум карданд. Баъд чӣ?

Сафар Абдулло, профессор, донишманди улуми забоншиносӣ: Ман саъодат надоштам, ки суханронии  он ҷанобро бишнавам, зеро хориҷ аз кишвар ҳастам. Вале агар эшон ба зиёиён дастур дода бошанд, дастур иҷро мешавад! Худатон ҳам медонед! Бубинем…

Азиз Нақибзод, рӯзноманигор: Онҳоеро дар назар дорад, ки мегӯянд, забони форсию дарию тоҷикӣ як забон ҳастанд. Инҳо мегӯянд, ки забони мо тоҷикист. Чун он ҷо гап дар бораи забон мерафт.

Соима Саидова, шоира, рӯзноманигор:  Аз моддиёт маҳрум кардан, аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ, озодӣ, баёни андеша, ин ҳама дар Тоҷикистон имкон дорад. Аммо барои як фарди тоҷик ҳуқуқи маънавии тоҷик буданро надоштан имкон ҳам, маъно ҳам надорад. Маънавиёт дахлнопазир аст. Ончуноне, ки касе роҳбари ақли касе нест. Тоҷик ба дунё омадан ва ин ҳуқуқро доштан аввалан амри илоҳист ва ҳам ҳуқуқи фитрии ҳар инсон аст ва ҳеҷ касе ҳаққи маҳкум кардани ин неъматро надорад. Аслан нишасте, ки бо иштироки зиёиён доир гашт, ин сухан садо дода: «Нафароне, ки ҳуқуқи маънавии тоҷик буданро надоранд, маҳкум кунед»   Ба гуфтаи раисҷумҳур «ЗИЁИЁН ХАЗИНАИ ТИЛЛОИИ МИЛЛАТАНД». То имрӯз давоми 27 сол аз заъифии маънавиёти хазинабонҳо чи миқдори бузурге аз ин хазинаро талаф додем?!  Чи миқдори дигаре аз равшанназаронро аз тарси мабодои фирорашон «ғамхорона»,  бино ба истилоҳи президент «нафурӯхтани дину миллату мазҳабашон» пушти панҷараҳои оҳанӣ нигоҳ медорем. Қисмати каме бо оҷизӣ аз фирор, аз ҳароси пушти панҷара нашудан, дар ботин равшанназар ҳам бошанд, дар зоҳир лаббайраисанд.  Зиёие, ки ҳуқуқи  озоди баён надошта бошад, оё зиё дорад? Ё ба хотири шикам рӯзаке сиёҳ дорад?

Гуфтем, ки агар маҳкум ва маҳрум ҳам карданд, бо кадом андозагирӣ? Воҳиди ченаки ҳуқуқи маънавии тоҷик буданро доштан чист?  Таҷрибаи молу мулкро аз худ карда, соҳибашро аз Ватан ронданро пайдо кардед, лекин бидонед, ки ҳар нафари рафта, маънавиёташро бо худаш бурд ва тоҷик монд ва Худо хоҳад,  тоҷик бармегардад. Аммо ин ҳам ногуфта намонад, ки аз куҷо лаббайгӯиву даст пеши бар кардан ва хушомадгӯиро тавонистан, ченаки доро будани ҳуқуқи маънавии тоҷик будан шудааст?

Шавкати Муҳаммад, ҳуқуқшинос, рӯзноманигор: Аз кадом миллату нажод ва кадом дину мазҳаб будан ин ҳуқуқи фитрӣ ва дахлнопазиронаи ҳар як фард аст. Ин ҳаққи конститутсионист. Сухани президенти кишвар бемантиқ ва муғойир ба Конститутсияи кишвар мебошад. Ҳукумати кишвар бояд гуногунандешӣ, гуногуннажодӣ, гуногунмиллатӣ ва гуногунии бовар ба динро дар ҷомеъа қабул ва таъмин намояд. Ин албатта меъёри муайянкардаи Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипи асосии демократия мебошад. Ҳар, ки метавонад мустақилона дину мазҳаби худашро дар кишвари демократӣ муайян намояд. Динеро тарк кунад ба дини дигар гаравад. Андешаву режимеро рад намояд ва андешаву барномаи дигареро барои пешравӣ пешниҳод кунад.

Фикр мекунам, ин суханҳои президенти кишвар як каме осемасарона буд. Зебанда ба мақомаш набуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *