Бо гумони омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ Надежда Савченко, вакили порлумони Украина боздошт шуд. Рӯзи панҷшанбеи 22-юми март бо аксари оро порлумони Украина ба Додситонии кулли ин кишвар иҷозат дод, ки Савченко ба ҳабс гирифта шавад.
Юрий Лутсенко, додситони кулли Украина ба расонаҳо гуфтааст, ки Савченко бо ҳамроҳи роҳбари пештар боздоштшудаи созмони «Қисми афсарон» барои табаддулоти давлатӣ дар Украина тайёрӣ медидаанд.
Лутсенко афзудааст, ки эҳтимол дорад, пушти ин кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ ошнои президенти Русия ва раҳбари ҳаракати «Интихоботи Украина — ҳаққи мардум» Виктор Медведчук бошад.
Савченко ҳамчунин дар мусоидат ба фаъолияти гуруҳи террористии «Ҷумҳурии мардумии Донетск», харидорӣ ва нигаҳдориву интиқоли ғайриқонунии силоҳ айбдор мешавад.
Худи Савченко далелҳоеро, ки ба вакилон пешниҳод шуда буд, «ҳангомаи сиёсӣ» номида, гуфт, танҳо қасд дошт, ки ҳукуматро битарсонад. Ӯ дар мавриди харидории аслиҳа аз ҷудоихоҳон гуфт, мехост бо ҳар қиммате, ки бошад ҷангҳо дар Донбасс хотима ёбанд.