Рубрики Хабарҳо

Ҷенероли амрикоӣ Русияро ба мусаллаҳкунии Толибон гунаҳкор кард

Фармондори нерӯҳои мусаллаҳи ИМА ва НАТО дар Афғонистон ҷенерол Ҷон Николсон дар иддао кард, ки Русия Толибонро тавассути сарҳадҳои Тоҷикистон мусаллаҳ месозад.  

Тибқи маълумоти Николсон силоҳ ба Толибон замони тамринҳои муштараки Русияву Тоҷикистон дар сарҳади Афғонистон тақдим шудааст. “Мо медонем, ки русҳо чӣ хел кор мекунанд: онҳо ба тамрингоҳ силоҳи зиёдеро интиқол медиҳанд ва қисмате аз онро ҳамонҷо (дар тамрингоҳ) мегузоранд” — шарҳ дод ҷенерол.  

Тибқи гуфтаи ӯ Толибон дар бораи дастгирии молиявӣ аз тарафи душманон қисса кардаанд: “пешвоёни афғон мустақиман ба ҳамин штаб яроқро оварда ба мо медоданд ва мегуфтанд, ки “инро русҳо ба Толибон фиристоданд”. Мо медонем, ки Русия даст дорад”.

“Мо мебинем, ки дар матбуот шумори ҷанговарони ДИ (Давлати исломӣ) дар Афғонистон бамаротиб бештар нишон дода мешавад. Ин маълумот аз тарафи Русия барои машрӯъият додан ба Толибон ва то ҳаде кӯмак ба онҳо, истифода мешавад” — гуфтааст ҷенерол.  

Чанд рӯз қабл, зимни баромадаш дар дафтари марказии амалиёти “Пуштибонии қавӣ” дар Кобул, Николсон Русияву Эрон ҷанговаронро омӯзиш медиҳанд ва ба онҳо кӯмаки моливу таслиҳотӣ мекунанд.  Ҷененрол тахмин зад ба ин восита Русияву Эрон мехоҳанд Толибонро тақвият диҳанд, чун дар он кувваи муқобилияткунанда ба “Давлати Исломи”-ро мебинанд.

ИМА қаблан ҳам русҳоро дар мусаллаҳкунии Толибон муттаҳам мекарданд, вале Маскав ҳамеша ин иддаоҳоро рад мекард ва онро беасос ва пуч меномид. Моҳи октябри соли 2017 раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ Русияро дар кӯмак ба Толибон муттаҳам кард ва гуфт “Толибон аз онҳое яроқ мегиранд, ки дасташон ба хуни якуним миллион афғон олуда аст”.

Дар навбати худ Русияву Эрон Амрикоро дар кӯчонидани ҷанговарони ДИ ба Афғонистон ва омӯзишдиҳиву мусаллаҳсозии онҳо муттаҳам мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *