Рубрики Хабарҳо

Интихоботи Туркия расман ба даври дувум гузашт

Раис Шӯрои олии интихоботи Туркия эълом кард, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба даври дувум кашида шуд. Ба гуфтаи ӯ даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ рӯзи 28 май баргузор мешавад. 

Раиси Шӯрои олии интихоботи Туркия тасреҳ кард: ҳеҷ як аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ натавонистанд аз ҳадди нисоби лозими убур кунанд ва қарор шуд, ки рӯзи якшанбе 28 май даври дувуми интихобот баргузор шавад. 

Раиси Шӯрои олии интихоботи Туркия ҳамчунин гуфт: кулли сандуқҳои мустақар дар хориҷ аз кишвар ҳам боз шуданд. Мизони мушорикати мардум дар интихобот дар дохили кишвар 88.92 дарсад ва дар хориҷ аз кишвар 52.69 дарсад аст.

Қаблан Урдуғон чунин мизони ширкат дар интихоботро бесобиқа дар ҷаҳон хонда буд.

Коршиносон ҳам интихоботи имсолаи Туркия демократитарин ва пуршӯртарин интихоботҳо дар чанд соли ахир унвон кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *