Дар тӯли се моҳи гузашта ба сурати ногаҳонӣ ба ҳисобҳои бонкии Аҷмал Ғанӣ, Султон Ғанӣ ва Аймал Ғанӣ, писарони раисҷумҳури Афғонистон, ҳудуди 500 миллион доллар ҷамъ шудааст.
Идораи федеролии зидди пулшӯӣ ва ҷароими иқтисодӣ дар Амрико ҳисобҳои бонкии писарони раисҷумҳур Ашраф Ғаниро маврид тафтиш ва баррасӣ қарор додаанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Daily Weesa.
Ашраф Ғанӣ дар интихоботи ахири Афғонистон низ, ки ҳафтае қабл баргузор шуд, ба ҳайси номзад ширкат кард.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ рақиби интихоботии ӯ эълон кард дар интихобот пирӯз шудааст.