Рубрики Хабарҳо

Асъор ва иқтисод 8.10.2019

Пули миллии тоҷикӣ дар муъомилоти миёни бонкҳо 9 сомониву 68 дирам муъодили 1 доллари ИМА муъайян шуд.

Бонки миллии ҶТ барои рӯзи 8 октябр нархи 1 рублро  14 дирам ва 1 евроро 10 сомониву 65 дирам муайян кардааст.

****

Ба гузориши сойтҳои маводди хоми Лондон ва Нюйорк, боз ҳам коҳиши баҳои нафт дар муъомилоти биржаҳои муҳимми ҷаҳон ба қайд гирифта шуд.

Нархи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) – ICE Brent Crude Futures-и Лондон 58 доллару 35 сент муъомила шуд.

Ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 52 доллару 75 сент муъомила шуд.

***

Тибқи маълумот аз пойгоҳи Goldnp.com имрӯз нархи 1 унс тилло дар Тоҷикистон 1497 доллари Амрико муаян шудааст. 

Бо ҳамин ҳисоб нархи тиллои пробаи 585 дар Тоҷикистон 272 сомониву 72 дирам

Пробаи 750 бо арзиши  349 сомониву 62 дирам

Пробаи  375 бо қиммати  174 сомониву 81 дирам

Пробаи 916 бо нархи   427 сомонӣ

Пробаи  999 бошад бо арзиши  465 сомониву 64 дирам муайян шудааст. 

Арзиши тилло дар биржаи металлҳои Лондон ҳар рӯз ду маротиба, дар соати 10:30 субҳ ва 15:00 баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич муқаррар карда мешавад. Барои муайян кардани баҳои тилло панҷ ниҳоди дороӣ Scotia Mocatta, Barclays Capital, Deutsche Bank, HSBC и Société Générale ширкат мекунанд ва миёни онҳо тилло доду ситад мешавад. Аммо нархи воқеӣ вобаста ба омили инсонӣ метавонад ё камтар ё бештар бошад.

****

Бонки осиёгии рушд ба нақша гирифтааст, ки  муддати се соли оянда баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистон 404 млн. доллар маблағ ҷудо кунад.

Кумаки навшудаи индикативии молиявӣ ба Тоҷикистон дар солҳои 2020-2022 дар ҳаҷми 404 млн. доллар барои мусоидат ба вокуниш ба хатарҳо ва қонеъ сохтани талаботи  кишвар пешбинӣ шудааст.

Тавре намояндагии Бонки осиёгии рушд дар Душанбе маълумот додааст, ҳаҷми ниҳоии кумак ба чӣ миқдор дар ихтиёр доштани воситаҳои Бонки осиёгии рушд  ва омодагии лоиҳаҳо, инчунин шарикӣ ва маблағгузории имконпазир аз ҷониби дигар ташкилотҳои бисёрҷониба ва дуҷониба вобаста аст.

Дар иттилоияи намояндагии Бонки осиёгии рушд дар Душанбе омадааст,  “Нақшаи сесолаи мо ба стратегияи ҷории шарикии Бонки осиёгии рушд бо кишвар ва афзалиятҳои миллии рушд созгор аст. 

Прадип Сривастава, намояндаи Бонки осиёгии рушд дар Душанбе гуфтааст, бар замми лоиҳаҳо дар бахши давлатӣ, Бонки осиёгии рушд  имкони сармоягузорӣ ба бахши хусусиро дар тиҷорати кишоварзӣ, бахши молиявӣ ва дигар соҳаҳо низ баррасӣ мекунад”.

Нақшаи индикативии сармоягузорӣ аз лоиҳаҳои инкишофи малакаҳои корӣ, рушди минбаъдаи соҳаи энергетика бо шумули дастгирии ислоҳот дар соҳа ва беҳбуди зербино, пуштибонӣ аз рушди бахши молиявӣ, ҳамчунин беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ иборат аст.

Прадип Сривастава афзудааст, ғайр аз ин Бонки осиёгии рушд  дастгирии рушди бахши сайёҳӣ, таъмиру навсозии долонҳои муҳими автомобилӣ, рушди зербинои шаҳрӣ, баланд бардоштани сатҳи устуворӣ нисбати офатҳои табиӣ ва ислоҳоти муҳити сармоягузориро дар нақша дорад.

Қобили зикр аст, ки нахустин кумаки Бонки осиёгии рушд ба Тоҷикистон соли 1998 маъқул дониста шуда, ба дастгирии барқарор кардани иқтисоди баъди муноқишаи дохилӣ равона гардида буд.

Аз он замон Бонки осиёгии рушд ба Тоҷикистон беш аз 1миллиарду 800 .миллион доллар, аз ҷумла зиёда аз 1миллиарду 1 миллион доллар маблағ ба сифати грант ҷудо кард. Ин кумак ба беҳбуди ҳолати нақлиёт ва зербинои кишвар, дастгирии рушди иҷтимоӣ, густариши истеҳсолоти кишоварзӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва савдо мусоидат кард.

***

Бонки миллии Тоҷикистон дар натиҷаи як назарсанҷӣ, ки дар он 2 ҳазору 200 нафар ширкат кардаанд муаян кардааст, ки  наздик ба 62 дарсад аз ҳисоби маблағе, ки бастагонашон аз муҳоҷират ирсол мекунанд, рӯз мегузаронанд. 

Беш аз 21 дарсади касоне, ки дар ин назарсанҷӣ ширкат кардаанд, гуфтаанд, ки аз ҳисоби кумаки наздикон зиндагӣ мекунанд. 8,14 дарсад низ муътақиданд, ки манбаи зиндагии худро аз ҳисоби амвол ва дороиҳо таъмин мекунанд. 2 дарсад низ фаолияти соҳибкориро манбаи таъмини ниёзи зиндагии худ ва хонаводаҳояшон медонанд.

Бахши асосии пуле, ки муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷ ба пайвандонашон ирсол мекунанд,  аксаран барои пардохти шартномаи таҳсил, табобат ва таъмини ниёзҳои рӯзмарраи зиндагӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Беш аз 9 дарсади маблағро барои хариди манзили истиқоматӣ  хазина мекунанд. 7 дарсад гуфтаанд, маблағе, ки муҳоҷирони корӣ рисол мекунанд, барои сохтмони хона истифода мекунанд.

85 дарсади тоҷикҳое, ки дар кишварҳои хориҷӣ фаолият мекунанд даромади худ барои хонаводаҳояшонро аз тариқи бонкҳо ба кишварашон ирсол мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *