Қосими Нақизодаи Хомисӣ, муовини вазири нерӯи Эрон дар ҳошияи дидори вазири нақлиёти Тоҷикистон бо вазири нерӯи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи дидорашон дар ин бора қайд карданд. Гуфта шудааст, ки сарфи иҷрои ин тарҳ ҳудуди 10миллиону 500 ҳазор доллар аст, ки ниме аз онро Эрон ва боқии онро худи Тоҷикистон пардохт хоҳад кард.
Тавре хабаргузории эронии Садо ва симо иттилоъ медиҳад, Муовини вазири нерӯи Эрон дар ин дидор гуфтааст, ният дорем бо такмили ин тарҳ фаолиятҳои бисёр бештареро бо ин кишвар оғоз кунем ва умедворем, то пеш аз баргузории Камиссиони муштараки ду кишвар битавонем ба натиҷаҳои мусбате барои тавсеаи ҳамкориҳои Душанбе-Теҳрон даст ёбем.
Вай бо ишора ба барномарезии сурат гирифта барои тамом кардани нақби Анзоби Тоҷикистон гуфтааст, ин нақб яке аз тарҳҳоест, ки аз ҷониби ширкатҳои эронӣ марҳилаи ниҳоии тармим дар ин кишварро тай мекунад ва дар ин сафар муқаррар шудааст, то дар хусуси марҳилаҳои насби таҷҳизоти боқимондаи нақб музокироти лозим сурат гирад.
Тақизодаи Хомисӣ бо баёни инки Вазорати нерӯи Эрон масъулияти Камиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Тоҷикистонро бар уҳда дорад гуФтааст, ки бар асоси барномарезии суратгирифта сездаҳумин Камиссиони муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дуввум ва севвуми декабр дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.