Рубрики Хабарҳо

Ҳинд барои бозгардондани осори ғоратшуда дар даврони истеъмори Бритониё талош мекунад

Як расонаи бритониёӣ аз оғози тадорукоти мақомҳои ҳиндӣ барои ба роҳ андохтани корзоре барои бозпасгирии ҷавоҳирот ва осори бостонии ин кишвар хабар дод, ки солҳо пеш ба Бритониё мунтақил шудаанд. 

Дар пайи интишори гузорише дар рӯзномаи Дейли телеграф, Сатнам Сангро, рӯзноманигори бритониёӣ, нависандаи китоби “Сарзамини императорӣ: империализм чӣ гуна Бритониёи модернро шакл дод?” ва созандаи мустанаде дар мавриди императории Бритониё низ таъкид кард, ки ҷавоҳирот ва осори таърихии Ҳинд таҳти ҳокимияти истеъморӣ ба ғанимат гирифта шудаанд ва билохира ба ин кишвар бозгардонда мешаванд. 

Сангро, ки худ аз падар ва модари ҳиндӣ дар Бритониё зода шудааст, эълом кард: “музейҳои мо ва хонаводаи салтанатӣ муодили миллиардҳо пунд амволи ғоратшудаи Ҳиндро дар ихтиёр доранд. Ин системи ҳукумати истеъморӣ буда, ки саҳми подшоҳро аз ғоратҳо маҳфуз нигоҳ медоштааст вале он кишварҳо имрӯз абарқудрат нестанд ва қарор нест, ки миллатҳо ҳамчунон дар баробари онҳо сукут кунанд. Ин ашё барои мардуми кишварҳои ғоратшуда фаротар аз арзиши молӣ, арзиши отифӣ ва мазҳабӣ низ дорад.” 

Рӯзномаи Дейли телеграф ҳам рӯзи шанбе муддаӣ шуд, ки Норендро Моди, нахуствазири Ҳинд ва дипломатҳои ин кишвар дар ҳоли ташкили корзоре барои бозпасгирии осори ҳиндии мавҷуд дар музейҳои Бритониё ва назди хонаводаи салтанатӣ то поёни соли ҷорӣ ҳастанд. Ин рӯзнома ба нақл аз як мақоми вазорати фарҳанги Ҳинд навишта, ки “бозгардондани осори бостонӣ бахши калидии сиёсати ояндаи давлати Моди хоҳад буд.” 

Ин дар ҳолест, ки нахуствазирон ва вазирони фарҳанги пешини Бритониё то кунун ҳар гуна дархост барои бозгардондани осори бостониро рад кардаанд. Дар соли 2013 ва дар ҷараёни сафари Дэвид Кэмерон, нахуствазири вақти Бритониё ба Ҳинд, ӯ ба сароҳат ба мақомҳои ҳиндӣ гуфт, ки бозгардондани аламоси “Кӯҳи Нур”-ро иқдоми дурусте намедонад; санги қимате, ки дар ҷараёни баргузории маросими тоҷгузории Чарлзи севум, подшоҳи ҷадиди Бритониё, доғи дили гурӯҳе аз ҳиндиҳоро тоза кард то дар ҳимоят аз бозгардондани он ба кишварашон тӯфони твитерӣ ба роҳ андохтанд. 

Алмоси 105 қиротӣ, ки Покистон низ муддаии моликият бар он аст, тавассути як мансабдори бритониёӣ аз Афғонистон хориҷ ва ба Ҳинд бурда шуд ва аз он ҷо низ бар асоси созишномае миёни Бритониё ва Ҳинд таслими мақомоти бритониёӣ ва сипас ба бахше аз ҷавоҳироти тоҷи маликаи Бритониё табдил шуд. 

Бар асоси ривояти таърихӣ, Нодиршоҳ, яке аз подшоҳони Эрон пас аз ислом, дар пайи тасхири Ҳинд ин алмосро ба ҳамроҳи ду қитъа алмоси гаронбаҳои дигар аз ҷумла “Дарёи Нур” ба унвони ғанимати ҷангӣ аз Ҳинд берун бурд. Алмоси “Кӯҳи Нур” сипас дар пайи тасарруфи Эрон тавассути Аҳмадшоҳ Даронӣ ба Афғонистон мунтақил шуд ва ҳудуди ҳафтод сол дар он ҷо нигаҳдорӣ шуд. 

Албатта хонаводаи салтанати Бритониё саъй карданд бо истифода накардан аз “Кӯҳи Нур” дар маросими тоҷгузорӣ, афкори умумии Ҳиндро ором кунанд вале дар иваз аз тоҷ ва асое истифода карданд, ки ҳовии алмосҳои Африқои Ҷанубӣ буд то ин бор ба ҷойи ҳиндиҳо мардуми Африқои Ҷанубӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои бозгардондани он аламосҳо ҷараёнсозӣ кунанд. 

Ин мавзӯъ солҳост, ки аз сӯи мардуми кишварҳои мухталиф мавриди баҳс қарор мегирад. Дар соли 2013, мардуми кишварҳои ҳавзаи Кариб баҳси дарёфти ғаромат аз Бритониёро матраҳ карданд ва муддатҳо ҳам ба ин баҳс идома доданд, вале то кунун самарае надоштааст. 

Бо ин вуҷуд, Сангро мӯътақид аст, ки шароити дохилии Бритониё дар як даҳаи оянда ба нафъи кишварҳое, ки мустаъмараи ин кишвар будаанд, тағйир хоҳад кард. Ў мегӯяд: “рӯзе фаро мерасад, ки ҷавонони бритониёӣ нисбат ба амвол дар музейҳо ҳамон эҳсосеро, ки нисбат ба ҳайвоноти асир дар боғбаҳшҳо пайдо кардаанд, пайдо мекунанд ва тоқати нигаҳдории онҳоро аз даст медиҳанд.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *