Рубрики Хабарҳо

Ташхиси Атамбоев: илтиҳоби дутарафаи шуш

Ташхисҳои тиббии Алмосбек Атамбоев, собиқ президенти Қирғизистон баъди бад шудани вазъаш нишон дод, ки ӯ ба бемории пневмонияи дутарафа гирифтор шудааст.

Бино ба иттилои ТАСС бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ)  Қирғизистон, сарвари пешини Қирғизистонро баъди ташхис, аз боздоштгоҳи пешакӣ ба беморхона интиқол додаанд.

Дар гузориш инчунин қайд шудааст, ки президенти маҳкумшударо фавран аз санҷиши коронавирус низ гузаронидаанд, аммо таҳлилҳо натиҷаи манфӣ додаанд.

Қайд карда мешавад, ки ду ҳафта пеш Атамбоев бо хешовандон ва адвокатҳо чандин бор мулоқот кардааст. Тибқи гузориши дафтари матбуоти КДАМ Қирғизистон, яке аз адвокатҳо нишонаҳои тангии нафас доштааст.

Бояд гуфт ки раҳбари пешини Қирғизистон барои ғайриқонунӣ озод кардани раҳбари ҷиноятпеша Азиз Батукаев ба 11 солу 2 моҳ маҳкум ба маҳрум аз озодӣ шудааст. Ғайр аз он суд қарор баровард, ки мукофотҳои давлатӣ ва молу амвол  аз сиёсатмадори собиқ мусодира карда шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *