Рубрики Хабарҳо

Ҳушдори мақомот аз афзоиши масрафи об дар обанборҳо. Омодагӣ ба лимити навбатӣ?

Мақомоти энергетикии вилояти Хатлон аз афзоиши садамаҳо дар шабакаҳои барқи минтақа ва зарба ба буҷаи давлату оилаҳо ҳушдор додааст. Коршиносон ин ҳушдорро омодагӣ ба лимити навбатӣ меноманд.

Гуфта шудааст, ки сардшавии ҳаво боиси кам ворид гардидани об ба обанборҳои неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон гашта, хароҷоти об ба далели афзоиши талабот ба неруи барқ 2-3 маротиба меафзояд.

Масъулин аз шаҳрвандон хостаанд, нерӯи барқро сарфакоронаю оқилона истифода баранд. Даъват шудааст, ки аз асбобҳои каммасрафи барқӣ истифода бурда, ба буҷаи оилаву корхона зарари иқтисодӣ нарасонанд.

Дар ҳамин ҳол масъулин давоми сол дар фасли гармо ва ҳам тирамоҳ барқро хомуш карда мегуфтанд, ки ба сардии зимистон омодагӣ мебинанд. Мехоҳанд зеристгоҳҳоро ба фасли сармои зимистон омода кунанд. Ҳоло дар фасли сармо мегуянд, технкаҳои танзимотӣ ва зеристгоҳҳо ба сардии шадиди зимистон омода нестанд.

Ба иттилои ин ниҳод, истифодаи зиёди барқ дар фасли сармо боиси сар задани садамаҳо, расишҳои кутоҳ ва афзоиши вайроншавии техникаҳои танзимотӣ мегардад. Тоҷикистон дар 30 соли истиқлолияташ садҳо миллион доллар грант барои таъмир ва ивазкунии системаи барқрасонӣ дарёфт кардааст, аммо ин система ҳамон гуна қадимӣ, ки дар замони Шӯравӣ буд, боқӣ мондааст.

Мақомоти бахши энержӣ бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ зикр намудаанд, ки сардии бесобиқаи ҳаво моҳи январи соли равон идома хоҳад дошт.

Гуфтанист, сардии камсобиқа дар Тоҷикистон боиси на танҳо мушкилоте дар таъмини нерӯи барқ, балки дар бахши нақлиёту обрасониро низ ба вуҷуд овардааст.

Масъулини обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, сардӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ то ҳафтаи охири моҳи январ идома хоҳад дошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *