Рубрики Хабарҳо

Даргирии Русия бо як гурӯҳи мусаллаҳ, ки аз Укроин ворид шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд як гурӯҳи мусаллаҳ аз Укроин вориди вилояти Белгороди Русия шуда ва даргириҳо бо ин гурӯҳ дар он ҷо теъдоде захмӣ ба ҷо гузоштааст. 

Вячеслав Гдаков, фармондори маҳаллии Белгород, гуфт, ки нерӯҳои Русия дар ҷустуҷӯи “харобкорон” ҳастанд, ки ба гуфтаи ӯ ба минтақаи Грайворонский дар марз ҳамла кардаанд. 

Сухангӯи Владимир Путин гуфт, ки раисҷумҳур Русия дар ҷараёни ин ҳодиса қарор гирифтааст. 

Укроин масъулияти ин ҳамларо рад карда ва гуфтааст, ки шаҳрвандони Русия, ки ба ду гурӯҳи шибҳинизомӣ вобаста ҳастанд омили ин таҳоҷум буданд. 

Гдаков гуфт, ки ҳашт нафар захмӣ шудаанд, аз ҷумла ду нафар, ки дар пайи гулӯлаборони як деҳа ба бемористон мунтақил шуданд ва се нафар, ки дар шаҳри Грайворон ҳадафи исобати таркиш қарор гирифтанд. 

Ӯ гуфт, ки даргириҳо ба се хона ва як сохтмони идорӣ хисорат ворид карда ва вазъият ҳамчунон “бисёр муташанниҷ” аст. 

Ин фармондори маҳаллӣ гуфт, ки як “амалиёти зиддитерористӣ” дар ҳоли анҷом аст, ки ба мақомот ихтиёроти вижа медиҳад. Аз ҷумла имкони тафтиши ҳуҷҷатҳо ва назорат бар иртиботот. 

Наворе, ки тавассути як паҳпод гирифта шудааст, чанд мошини зиреҳпӯшро дар наздикии як пости бозрасии марзӣ дар ҷануби Белгород нишон медиҳад. 

Киев гуфтааст омилони ин ҳодиса аъзои гурӯҳҳое ба ном “Легиони озодии Русия” ва “Сипоҳи довталабони Русия” ҳастанд. 

“Легиони озодии Русия”, ки як гурӯҳи шибҳинизомии мустақар дар Укроин аст, ки мегӯяд барои соқит кардани Владимир Путин дар дохили Русия талош мекунад, рӯзи душанбе дар Твиттер навишт, ки шаҳри кӯчаки Козинкоро ба таври комил озод кардааст. Ин гурӯҳ гуфт, ки воҳидҳои муҳоҷими он ба шаҳри кӯчаки Грайворон дар шарқи он ҷо расидаанд. 

Бо ин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи Путин, ба хабаргузориҳои Русия гуфт, ки талошҳое барои нобудсозии ин “гурӯҳи харобкор” дар ҷараён аст. Ў гуфт, ки ҳадафи ин ҳамла ба канор бурдани таваҷҷуҳ аз шаҳри Бахмут дар шарқи Укроин аст. Шаҳре, ки гурӯҳи муздури Вагнери Русия муддаӣ аст баъд аз моҳҳо набарди шадиду хунин ба ишғол даровардааст. 

Киев мегӯяд, ки то ҳол бахше аз шаҳрро контрол мекунад ва онро дар ҳоли нимамуҳосира даровардааст. 

Михаил Подоляк, мушовири раисҷумҳури Укроин, гуфт, ки кишвараш рӯйдодҳои Белгородро “бо завқ” думбол мекунад аммо “нақше дар он надорад.” 

“Ҳамон тавр, ки медонед, мешавад аз ҳар фурӯшгоҳи низомӣ дар Русия танк харид ва гурӯҳҳои чирикии зерзаминӣ муташаккил аз шаҳрвандони Русия ҳастанд.” 

Укроин масъулияти ҳамалоти харобкоронае, ки қаблан дар хоки Русия гузориш шуда будро ҳам рад кардааст. 

Ин ҳодиса пеш аз зиддиҳамлае рӯй медиҳад, ки ба таври густурда интизори зиёде меравад Укроин алайҳи нерӯҳои муҳоҷими Русия ба он даст занад. 

Русия дар моҳи апрел ба таври тасодуфе бомберо бар шаҳри Белгород, дар 40 километриии шимоли марзи Укроин, андохт. Чанд рӯз баъд бо кашфи як бомби мунфаҷирнашуда, беш аз се ҳазор нафар аз хонаҳояшон тахлия шуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *