Рубрики Хабарҳо

“Ба оғӯш кашидани Асад дар Арабистон паёми маҳкам ба Амрико буд”

Тағйири муносибатҳои Арабистони саудӣ ва Амрико, азсаргирии равобити Теҳрону Риёз ва дар ниҳоят истиқболи гарми сарони Арабистон аз Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия дар ҷараёни баргузории иҷлоси сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи араб дар Ҷидда аз ҷумлаи мавзӯъҳое аст, ки хабаргузории Рейтерз аз онҳо ба унвони нишонаҳои коҳиши такяи Риёз ба Вашингтон ном бурдааст. 

Бинобари ин гузориш, Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ҳафтаи гузашта, пас аз бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи араб, ки ӯ нақши меҳварӣ дар ин бозгардонданро дошт, ба Амрико ёдоварӣ кард, ки чӣ касе дар мавриди минтақа тасмимгирӣ мекунад. 

Истиқболи гарми ибни Салмон аз Башшор Асад дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи араб бо бӯсаю оғӯш, мухолифати Амрико бо бозгашти Сурия ба ин Иттиҳодияро ба чолиш кашид. Ҳамчунин ин рӯйдод метавонад нишондиҳандаи тағйири рӯйкарди валиаҳди Саудӣ бо воқеиятҳои геополотикӣ бошад. 

Шоҳзодаи Саудӣ қасд дорад бо истифода аз ҷойгоҳи худ дар раъси як ғӯли энержӣ, Арабистони Саудиро дубора ба яке аз қудратҳои минтақа дар ҷаҳоне, ки ба нафт вобаста аст ва аз ҷанги Укроин захм хӯрдааст, табдил кунад. 

Ибни Салмон, ки пас аз қатли Ҷамол Хошоқҷӣ, рӯзноманигор дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Туркия дар соли 2018 аз сӯи давлатҳои ғарбӣ мардуд шуд, акнун ба унвони бозигаре зоҳир шудааст, ки Вашингтон на метавонад ӯро нодида бигирад ва на метавонад ӯро рад кунад. 

Валиаҳди Арабистони Саудӣ, ки нисбат ба ваъдаҳои Амрико дар бораи амнияти кишвараш бадбин ва аз лаҳни сарзанишомези Вашингтон хаста шудааст, инак бидуни таваҷҷуҳ ба ҳайрати Кохи Сафед бо дигар қудратҳои ҷаҳонӣ равобит барқарор мекунад ва равобиташро бо кишварҳое тавсеа медиҳад, ки замоне душмани муштараки Риёзу Вашингтон буданд. 

Эътимод ба нафси ӯ дар саҳнаи ҷаҳонӣ фақат дар истиқболаш аз раисҷумҳури Сурия зоҳир нашуд. Замони ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар иҷлоси Ҷидда ҳозир шуд, ибни Салмон пешниҳоди миёнҷигарӣ миёни Киев ва Маскавро ироа кард. 

Бидуни тардид, Арабистони Саудӣ ҳамчунон аз назари низомӣ ва амниятӣ ба Амрико вобастааст. Амрико дар соли 1990 дар баробари ҳамлаи эҳтимолии Садом Ҳусейн, раисҷумҳури вақти Ироқ ба Арабистони саудӣ аз ин кишвар дифоъ кард, фаъолиятҳои Эрон дар Халиҷи Форсро таҳти назар дорад ва аслитарин таъминкунандаи таслиҳотии Риёз аст. 

Бо ин ҳол, бо таваҷҷуҳ ба ин ки Вашингтон ба зоҳир ҳузури камтаре дар Ховари Миёна дорад ва камтар ба нигарониҳои Риёз тавҷуҳ мекунад, ибни Салмон ҳам сиёсати минтақаии худро бо илтифоти камтар нисбат ба дидгоҳҳои қудратмандтарин муттаҳиди худ думбол мекунад. 

Ҷабҳаи дипломатик 

Соли гузашта, ки бо ҳамлаи низомии Русия ба Укроин, Ғарб барои субот бахшидан ба бозори нафт ба Арабистони Саудӣ рӯй овард, мавқеияти ибни Салмон тақвият шуд. 

Ин иттифоқ, фурсате шуд барои валиаҳди Арабистони Саудӣ то ҷабҳаҳои дипломатик эҷод кунад, ки шомили ҳузур дар нишастҳои мақомҳои олирутба буд. 

Яке аз нишонаҳои фосила гирифтани Арабистони Саудӣ аз Амрикоро метавон тавофуқ миёни Риёзу душмани минтақаиаш, Эрон унвон кард, ки бо миёнҷигарии Чин сурат гирифт. 

Арабистон дар тавофуқ бо Эрон дасти болоро надошт зеро муттаҳидони Теҳрон дар Ироқ, Сурия ва Лубнон қавитар аз муттаҳидони ин подшоҳ дар ин кишварҳо зоҳир шуданд. Ҳатто дар Яман ҳам муттаҳидони Эрон бахши зиёде аз хоки ин кишварро дар ихтиёр доранд. 

Ин тавофуқ ҳамчунин нишон дод, ки Риёз тавонистааст барои тақвияти манофеъи минтақаии худ бо рақибон ва душманони Амрико ҳамкорӣ кунад. 

Аз сӯи дигар валиаҳди Арабистони Саудӣ равобити кишварашро бо Туркия беҳбуд бахшида ва ба таҳрими Қатар поён дод. 

Робитаи табодули меҳвар 

Рейтерз ба нақл аз як мақом дар ҳавзаи Халиҷи Форс навишт, ки равобити ҷадиду мустақимтари табодули меҳвари Арабистону Амрико ҷойгузини модели қадимии нафт дар баробари дифоъ шудааст, зеро Риёз пас аз баҳори арабӣ дар соли 2011 онро як чатри амниятии мутазалзил дид. 

Ҳамчунин раҳбарони Арабистони Саудӣ бар ин назар буданд, ки музокироти ҳастаӣ бо Эрон, боис шудааст, ки Вашингтон таваҷҷуҳи камтаре ба фаъолиятҳои физояндаи нерӯҳои ниёбатии Эрон дар минтақа дошта бошад, ки Риёз онҳоро як таҳдид медонад. 

Дар ҳамин ҳол, Риёз аз ин ки Вашингтон ҳимояти худро аз амалиётҳои нерӯҳои Арабистон дар Яман қатъ карда буд, ризоят надошт. 

Як манбаъ дар Арабистони Саудӣ, ки ба ҳалқаи ҳокимияти ин кишвар наздик аст ба Рейтерз гуфтааст, ки Риёз бидуни ҳимояти Вашингтон, чорае ҷуз тавофуқ бо Теҳрон надошт ҳатто агар ин тавофуқ боиси озори Амрико шуда бошад. Ў гуфт, ки ин тавофуқ натиҷаи иқдоми Амрико аст. 

Бо вуҷуди ин, Рейтерз ба нақл аз манбаъ навишт, ки агарчи ҳар як аз тарафайн дархостҳое доранд, ки тарафи дигар ҳозир ба пазириши онҳо нест аммо ҳар ду тараф чорае надоранд ҷуз ин ки кинояҳояшонро канор бигузоранд. 

Рейтерз дар поёни гузориши худ навишт шояд Арабистони Саудӣ чатри амниятии Амрикоро заифшуда бубинад, аммо ҳамчунон онро барои худ ҳаётӣ медонад. Дар ҳамин ҳол, давлатҳои ғарбӣ ба ёд доранд, ки нуфузи Риёз дар бозори бесуботи нафт, онҳоро мулзам мекунад, ки нигарониҳои худро канор гузошта ва бо ҳокими воқеӣ ва подшоҳи ояндаи ин кишвар мувоҷеҳ шаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *