Рубрики Хабарҳо

Маоши кормандони давлатӣ дар Қирғизистон то 2,5 баробар боло рафт

Содир Ҷабборов  Раисҷумҳури Қирғизистон бо имзои як фармон маоши кормандони давлатиро аз 1 августи ба таври бесобиқа боло бурд.

Тибқи иттилоъи Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон, маоши онҳое, ки дар вазоратхонаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатӣ, воҳидҳои ҳудудии мақомоти давлатӣ ва шаҳрдорӣ кор мекунанд, аз 86,4% то 151,3% зиёд шудааст.

Барои мисол, агар мутахассиси пешбари як вазорат дар Қирғизистон то 1 август 21 ҳазор сом (ҳудуди 250 доллар) мегирифт, пас аз 1 август маоши ӯ 49 ҳазор сом хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *