Рубрики Хабарҳо

Муовини ВКД Ӯзбекистон: Риш монданро қонун манъ намекунад

Сардори раёсати давлатии корҳои дохилии шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар бораи мондани риш зимни вохӯрияш бо сокинони маҳаллаи Учтеппаи пойтахти ин кишвар шаҳр дода гуфт, мондани риш барои мардон ба ягон қонуни Ӯзбекистон мухолифат намекунад.

Дар ин бора хабаргузории иттилоъ додааст.

Рустам Ҷӯраев, ҷойнишини ВКД Ӯзбекистон ва сардори раёсати давлатии ВКД Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд, зимни посух ба суоли шаҳрванде, ки дар бораи мондани риш ва муд шудани он суол дод, гуфт, мо ҳама медонем, ки қонун инро манъ намекунад ва ҳар кас метавонад риш дошта бошад.

Дар идомаи суханаш ӯ афзуд, ки чигуна ва бо кадом чеҳра дар ҷамъият будан вобастагӣ ба тарбия, салиқа ва завқи ҳар як шахс дорад.

“Чигунае, ки мо фарзандонро тарбия карда бошем, ҳамонгуна дар ҷамъият аз худ дарак медиҳанд”.- гуфт Рустам Ҷӯраев

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *